Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори як пайванди Ал-Моликӣ дар Карбало


Мақомоти Ироқ аз амали низомиёни амрикоӣ бино ба ҳалокати яке аз хешовандони сарвазири кишвар Нурӣ Ал-Моликӣ изҳори норозигӣ карданд. Алӣ Абдул Ҳусайн дар як амалиёт алайҳи ифротгароёни шиамазҳаб дар деҳаи Ҳиндия, воқеъ дар 20 километрии шарқи Карбало ба ҳалокат расид.

Ба гуфтаи мақомоти Карбало, амалиёт бо ширкати 60 сарбози амрикоӣ дар ҳоле доир гардид, ки тибқи созиши ҳосилшуда назорати ин минтақа ба нерӯҳои амниятии Ироқ вогузор шуда буд.

Нурӣ Ал-Моликӣ аз Иёлоти Муттаҳида хостори ташреҳи ҳодиса шуд. Ҳайати фармондеҳии ИМА эълом дошт, ки сабабҳои амалиёт ва ҳодисаи рухдодаро тафтиш мекунад.

XS
SM
MD
LG