Пайвандҳои дастрасӣ

Дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё дар Малайзиё қуръакашии даври ниҳоии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 дар минтақаи Осиё баргузор шуд.

Бар асоси қуръакашӣ, ба гурӯҳи «А» дастаҳои миллии Австралия, Жопун, Баҳрайн, Узбакистон ва Қатар, ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби Куриёи ҷанубӣ, Эрон, Арабистони саъудӣ, Куриёи шимолӣ ва Амороти муттаҳидаи Араб шомил шуданд.
Даври чаҳорум 6-уми сентябри соли 2008 шурӯъ шуда, 17-уми июни соли 2009 анҷом меёбад. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро дарёфт мекунанд, ба Ҷоми ҷаҳон-2010, ки дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд, роҳхат мегиранд.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои севумро ишғол мекунанд, байни худ 2 бозӣ (дар майдони хеш ва дар майдони ҳариф) анҷом медиҳанд. Тими ғолиб ва намояндаи минтақаи Уқёнусия барои дарёфти як роҳхати дигар ба ин мусобиқот ҳамчунин 2 бозӣ (дар майдони худ ва дар майдони ҳариф) мегузаронанд.
Қуръакашии сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Кейптауни Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ моҳи декабри соли 2009 баргузор мешавад.
Ҳамин тариқ, аз 32 дастаи ширкаткунандаи сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2010 4 ё 5 даста (вобаста ба натоиҷи бозиҳо бо ғолиби минтақаи Уқёнусия) Конфедеросиюни футболи Осиёро намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG