Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода (Тоҷикистон) дар сабқати гурӯҳи «А» барои дарёфти Ҷоми раиси АFС – Конфедеросиюни футболи Осиё – ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Дастаи тоҷикистонӣ охирин дидори худро дар Малайзиё бо тими «Полис Клаб»-и Непал бо натиҷаи мусовии 2:2 анҷом дод.
Дар ин бозӣ Гимире Четан («Полис Клаб») дар дақиқаи 33-вум тӯбро ба дарвозаи «Регар» ворид карда, ҳисоби бозиро кушод. Баъди танаффус Иброҳим Рабимов (дақиқаи 47-ум) ба дарвозаи непалиҳо голи ҷавобӣ зада, ҳисобро баробар намуд. Вале пас аз 20 дақиқа Рай Ҷу Ману голи дувуми «Полис Клаб»-ро ба самар расонд. Танҳо дар замони изофӣ (90 + 1) боз ба Иброҳим Рабимов муяссар шуд, ки тӯбро бо сараш ба тӯри дарвозаи ҳарифон равона карда, дастаашро аз бохт наҷот бидиҳад.
Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи «А» тими «Абаҳани Лимитед»-и Бангладеш бар ВАПДА-и Покистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид.
Бад-ин тартиб, «Регар» ТадАЗ бо 7 имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 6-4) дар гурӯҳи «А» ҷои аввалро касб кард. Қаҳрамони футболи Тоҷикистон муборизаро барои Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё давом хоҳад дод.
«Полис Клаб» бо 5 имтиёз (7-3) дувум шуд. «Абаҳани Лимитед» бо 3 имтиёз (2-6) дар ҷои севум ва ВАПДА бо 1 имтиёз (2-4) дар ҷои охирин қарор гирифтанд.
Даври ниманиҳоии Ҷоми раиси AFC бо ширкати 4 даста: «Регар» ТадАЗ-и Тоҷикистон – ғолиби гурӯҳи «А», «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон – ғолиби гурӯҳи «В», «Ишқобод»-и Туркманистон – ғолиби гурӯҳи «С», инчунин, беҳтарин дастаи дувуми ҳарсе гурӯҳ – «Полис Клаб»-и Непал - 19-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, доир мегардад.
Бозии ниҳоӣ 21-уми сентябр дар ҳамин шаҳр баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG