Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз пирӯзӣ бар дастаи Олмон, қаҳрамони секаратаи Аврупо, дастаи миллии Испания қаҳрамони нави қорра гардид.

Шоми якшанбеи 29-уми июн дар бозии ниҳоии Ҷоми аврупоии футбол дастаи миллии Испания бо ҳисоби 1:0 дастаи Олмонро мағлуб карда, ба дарёфти ҷом ва унвони қаҳрамони Аврупо дар соли 2008 ноил гардид.
Фернандо Торрес, ҳуҷумкунандаи дастаи миллии Испания, ба ваъдааш, ки гуфта буд ҳатман ба дарвозаи Олмон гол мезанад, вафо кард: ӯ дар дақиқаи 33-вуми бозӣ голи ягонаро вориди дарвозаи дастаи рақиб кард ва ин гол дар натиҷа ғалабаи ниҳоии дастаи кишварашро таъмин намуд.
Испания - Олмон. Дақиқаи 33. Фернандо Торрес (№ 9) ба дарвозаи олмониҳо голи ҳалкунанда мезанад.
Ба чунин муваффақияти бузург дар футболи Аврупо дастаи миллии Испания баъди соли 1964 танҳо баъди 44 сол аз нав даст ёфт.
Бино бар хабари ожонсиҳои иттилоъотии ҷаҳон, тамоми шаб дар Испания мардуми кишвар ин пирӯзиро бо сарусадои беназир ҷашн гирифт, ки ҳанӯз ҳам идома дорад.
XS
SM
MD
LG