Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хароб шудани марказҳои Толибон дар Покистон


Нирӯҳои ниманизомии Покистон рӯзи сеюм аст, ки амалиёти густардаеро зидди ҷангиёни Толибон дар марз бо Афғонистон ба роҳ мондаанд. Дар амалиёти ахири худ онҳо дасти кам чаҳор маркази амалкунандаи Толибон, аз ҷумла як истгоҳи радиоии онҳо ва инчунин як ғори зеризаминиеро хароб карданд, ки бовар меравад ба ҳайси утоқи шиканҷа хизмат мекард. Дар ин бора Ҳабибуллохон, муншии калони манотиқи қабиланишини таҳти назари ҳукумати Покистон иттилоъ дод. Амалиёти минтақаи Хибер гувоҳи оғози роҳандозии стратегияи нави ҳукумати Покистон дар муқобила бо ҷангиён мебошад.
XS
SM
MD
LG