Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризоияти Чину Тибет барои азсаргирии музокирот


Чин ва намояндаҳои раҳбари табъидии Тибет Далай Лама гуфтанд, ки ду ҷониб дар аввалҳои моҳи июл музокираҳои худро дубора аз сар хоҳанд гирифт. Хабаргузории Синҳуа бо пахши ин хабар дирӯз, аммо роҷеъ ба маҳал ва соатҳои баргузории ин музокира чизе нагуфт. Мақомоти Чин бо намояндаҳои Далай Лама барои анҷоми музокироти ибтидойӣ дар таърихи 4 май мулоқот карда буданд. Ин музокирот баъди интиқоди шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ аз саркӯби тазоҳуроти зиддичиноии тибетиҳо дар моҳи март ташкил мешавад. Хабари мазкур бо сафари вазири хориҷаи Амрико ба Чин Кандализа Райс муносиб омад, ки қарор аст имрӯз бо раҳбарияти Пекин роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тибет гуфтугӯҳо доир кунад.

XS
SM
MD
LG