Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба муомилае бо Ҳизбуллоҳ розӣ шуд


Ҳукумати Исроил розӣ шуд, ки бар ивази ҷасади ду сарбоози исроилӣ, ки аз ҷониби ҷангиёни Ҳизбуллоҳ кушта шудаанд, як марди лубнонии маҳкум ба маргро раҳо кунад. Дар натиҷаи нишасти аъзои кабинаи ҳукумати Исроил ба раҳбарии нахуствазир Эҳуд Олмерт қарор шуд, ки ҷасадҳои Эҳуд Голдвассер ва Элдад Регев баргардонида шавад. Ин ду сарбоз ҳанӯз соли 2006 аз ҷониби ҷангиёни Ҳизбуллоҳ дар як рейди наздимарзӣ боздошт шуданд ва баъди ин ду кишвар барои чанд моҳ вориди як даргирии шадиде шуданд. Марди лубноние, ки бояд бар ивази ҷасади ин ду сарбоз озод шавад, Самир Қантар ном дорад, ки соли 1979 ба қисмати шимолии Исроил ворид шуда, як марди 28-соларо ҳамроҳ бо духтари 4-солааш ва як афсари полисро ба қатл расонидааст.

XS
SM
MD
LG