Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

6 қурбонии таркишҳои Абхозистон


Мақомот дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон мегӯянд, ки дар пайи ду таркише дар ин минтақа 6 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Хабаргузориҳои русӣ дар нақли қавл аз Сергей Багапш, раиси ҷумҳурии Абхозистони эътирофношуда мегӯянд, ки дар паси ин таркишҳо, ки субҳи якшанбе дар шаҳри Гагри рух дод, мақомоти Гурҷистон қарор доранд. Мақомоти гурҷӣ даст доштани худро дар ин ҳодиса рад кардаанд. Абхозистон дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта даъвои истиқлолият карда рӯ ҷониби Русия гардонд.

XS
SM
MD
LG