Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши ҳалокати афроди мулкӣ дар Афғонистон


Як мақоми баландпояи СММ гуфт, ки шумори қурбониҳои мулкӣ дар Афғонистон назар ба соли гузашта ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст. Ҷон Ҳолмс, раҳбари барномаи кӯмакҳои башарии СММ гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Афғонистон ҳалокати 698 фарди мулкӣ ба қайд гирифта шудааст ва ин назар ба нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта 60 дар сад бештар будааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2007 дар саросари Афғонистон 430 ғайринизомӣ ҷони худро аз даст доданд. Оқои Ҳолмс афзуд, ки дар аксар ҳолатҳо дар ҳалокати ғайринизомиҳо имсол ҷангиёни ситезаҷӯ гунаҳгор будаанд ва ин арқом талошҳои нирӯҳои хориҷиро барои коҳиши шумори қурбониҳои мулкӣ ба ҳам мезанад.
XS
SM
MD
LG