Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испания барандаи Ҷоми аврупоии футбол шуд


Шоми якшанбе дар бозиҳои ниҳоии ҷоми аврупоии футбол тими миллии Испания бо ҳисоби 1-0 дастаи Олмонро мағлуб кард. Фернандо Торрес ба ваъдааш вафо карда, голи ягонаро дар ин мусобиқаи муҳим вориди дарвозаи рақиб кард ва унвони беҳтарин голзани ҷаҳонро соҳиб шуд. Ин пирӯзии Испания дар футболи Аврупо баъди соли 1964 нахустин чунин муваффақияти бузург арзёбӣ мешавад. Торрес дар дақиқаи 33-юми бозӣ дастаи Олмонро, ки се карат қаҳрамони бозиҳои Аврупо дониста мешавад, мағлуб кард. Соли 2004 дар бозиҳои даври гузаштаи ҷоми аврупоии футбол Юнон баранда шуда буд.
XS
SM
MD
LG