Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари вазири умури хориҷии Амрико ба Чин


Райс дар яке аз мактабҳои Сичуан дар 29 июни соли 2008

Райс дар яке аз мактабҳои Сичуан дар 29 июни соли 2008

Кондолиза Райс-вазири хориҷаи Амрико ба талошҳои Чин барои барқарории харобиҳои зилзилаи маргбори ин кишвар арҷ ниҳод.

Вай дар рӯзи аввали сафараш ба Чин аз манотиқи осебдида боздид кард. Баъд аз боздид аз ин манотиқ вай вориди Пекин шуд. интизор меравад, ки хонум Райс рӯзи душанбе дар Пекин бо мақомоти раҳбарии Чин роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ гуфтугӯ кунад.
Хонум Райс боздидашро аз Ченҷу-маркази аёлати Сичуон оғоз кард, аёлате, ки дар натиҷаи зилзилаи маргбори 12-уми маи соли ҷорӣ беш аз 70 ҳазор нафар кушта, тақрибан 18 ҳазори дигар бедарак шуданд. Дар натиҷаи ин зилзила 5 милёни дигар аз манозили зисти худ маҳрум ва маҳаллоти зисти худро тарк кардаанд. Баъд аз боздид аз шаҳри Дуйанҷион, ки ба хароба табдил ёфтааст, Райс изҳор дошт, ки вай аз ҷараёни корҳои бозсозӣ "хеле хушҳол" аст: "Ин воқеъан нишонаи он аст, ки рӯҳияи инсон чӣ тавр метавонад бар харобии густарда пирӯз шавад. Гарчӣ мо ҳоло дар миёни афроде ҳастем, ки зиндагиашонро бозсозӣ мекунанд, вале ононеро, аз ҷумла кӯдаконеро ёд мекунем, ки ҳаёташонро аз даст доданд. Онҳо ҳамеша дар ёдҳо хоҳанд монд. Аммо хуб аст, вақте мебинӣ, ки мардум пайомадҳоро рафъ мекунанд ва зиндагии маъмулии худро идома медиҳанд."
Хонум Райс гуфт, талошҳои Чин баръакси рафтори режими низомии Мианмар аст, ки ба пешниҳоди маҳофили байналмиллалӣ барои кумак ба осебдидагони тӯфони "Наргис" мухолифат кард. Режими низомии Мианмар ҳатто нахост гурӯҳҳои байналмиллалии имдод вориди кишвараш шаванд. Тӯфони "Наргис" 130 000 нафар кушта барҷой гузошт.
Аз замони зилзилаи Чин Кондолиза Райс баландтарин мақоми расмии Амрикост, ки аз Чин броздид мекунад. Вай рӯзи душанбе дар Пекин бо Ҳу Ҷинтао-раиси ҷумҳур ва Вен Ҷибао-нахуствазир гуфтушунуд анҷом медиҳад.
Дар ин гуфтушунудҳо мавзӯъи аслӣ барномаҳои ҳастаии Куриёи Шимолист, ки баъд аз тахриби реактори ҳастаӣ ва сард кардани манораи он қадами баъдӣ чӣ хоҳад буд. Аз хонум Райс ҳамчунин тақозо шудааст, ки масъалаи ҳуқуқи башар ва масъалаи Тибетро низ дар ҷараёни ин боздиди дурӯзаи худ матраҳ кунад.
Вошингтон аз Чин хостааст, ки музокиротро бо Далай Лама-раҳбари рӯҳонии Тибет идома диҳад. Чин Далай Ламаро ба ҷудоихоҳӣ ва созмон додани тазоҳуроти эътирозии моҳи марти соли ҷорӣ муттаҳам кардааст.
XS
SM
MD
LG