Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ду инфиҷор шаш нафар ҷароҳат бардоштаанд


Мақомоти Абхозистон-минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон гуфтаанд, ки дар ду инфиҷор шаш нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ин ду инфиҷор субҳи рузи якшанбе дар осоишгоҳи Гагрӣ рух додааст. Расонаҳои хабарии Руссия аз қавли Сергей Багапш-раиси ҷумҳури ин минтақа гуфтаанд, ки мақомоти расмии Гурҷистон дар паси ин инфиҷорҳо қарор доштаанд. Ҷониби Гурҷистон то ҳол ба ин ҳодиса вокуниш нишон надодааст. Абхозистон баъд аз ҷанги авоили солҳои 1990-ум аз контроли давлати Гурҷистон баромад ва ҳоло аз ҳимояти Руссия бархурдор аст.
XS
SM
MD
LG