Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбози НАТО дар ҷануби Афғонистон кушта шуд


Нируҳои НАТО дар Афғонистон мегуянд, яке аз сарбозони онҳо дар инфиҷоре дар Лашкаргоҳ-маркази вилояти Ҳилманд кушта шудааст. Низомиён дар бораи ҳуввияти ин сарбоз хабар надодаанд, вале дар вилояти Ҳилманд аслан нируҳои Бритониё мустақаранд. Моҳи июн маргбортарин моҳ барои нируҳои байналмиллалӣ дар Афғонистон арзёбӣ мешавад. 42 нафар дар як моҳ кушта шудаанд, ки аз замони вуруди нируҳои байналмиллалии зери фармони Амрико ба Афғонистон дар соли 2001 то ҳол собиқа надоштааст.
XS
SM
MD
LG