Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳо амнияти минтақаи Хайбарро таъмин карданд


Нируҳои амниятии Покистон мегуянд, баъд аз як рузи оғози амалиёти зидди тундравҳо дар минтақаи Хайбари ин кишвар амнияти ин минтақаро таъмин кардаанд. Яке аз роҳҳои аслии интиқоли коло ба нируҳои Афғонистон дар Ғарби ин кишвар аз гарданаи Хайбар убур мекунад. Амалиёти амниятӣ дар атрофи Барра-шаҳраки аслии ин минтақа анҷом гирифт, шаҳраке, ки шибҳанизомиён чанд мавозеъи тундравҳоро ба оташ кашиданд, вале муқовумате мушоҳида нашуд. Зоҳиран дар посух ба амалиёти Хайбар Байтуллоҳ Меҳсуд-фармондеҳи Толибон дар Вазиристони Ҷанубӣ воқеъ дар марз бо Афғонистон гуфт, ки вай музокира бо ҷониби ҳукуматро ба ҳолати таълиқ даровардааст.
XS
SM
MD
LG