Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои мусаллаҳи Покистон ба ошӯбгарони толиб дар назди шаҳри Пешовар ҳамлаи густурда намуд.

Ин ҳамла дар чаҳорчубаи амалиёти нируҳои давлатӣ бар зидди Толибон анҷом мегирад. Амалиёт дар минтақаи қабиланишини Хайбар нахустин амалиёти густардаи ҳукумати нави Покистон аст, ки Толибонро ҳадаф қарор додааст. Юсуф Ризо Гелонӣ-нахуствазири нави Покистон имруз дар Пешовар гуфт:
"Мо омодаем бо ононе, ки аслиҳаро ба замин мегузоранд, ба музокира биншинем. Мо аз тавофуқоти сулҳ бо ононе ҷонибдорӣ мекунем, ки амният дар минтақаро мехоҳанд. Мо ба музокироти сулҳ бо чунин афрод ҳеҷ гоҳ мухолиф нестем. Мо аз ниру бар зидди ононе истифода мекунем, ки амниятро халалдор мекунанд".
Минтақаи Хайбар ҳамчунин аз масирҳои аслии ҳамлу нақли коло ба нируҳои Амрико дар Афғонистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG