Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EURO-2008: 29-уми июн - бозии ниҳоӣ


Якшанбеи 29-уми июн бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2008 байни дастаҳои мунтахаби Олмон ва Испания баргузор мешавад.

Дар бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Аврупо Олмон Туркияро бо ҳисоби 3:2 ва Испания Русияро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карданд.

Тимҳои миллии Туркия ва Русия, ки нахустин бор ба даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо роҳ ёфтанд, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Олмониҳо барои чаҳорумин бор ва испаниҳо барои дувумин маротиба даст ёфтан ба унвони қаҳрамони Аврупо талош хоҳанд кард.

Лозим ба тазаккур аст, ки бар асоси низомномаи Ҷоми Аврупо-2008, ба ҳар як дастаи ширкаткунандаи сабқати гурӯҳӣ 7, 5 миллион евро супурда шуд. Дастаҳо барои ҳар як ғалаба дар сабқати гурӯҳӣ боз соҳиби 1 миллион евро ва барои мусовӣ - ним миллион евро гардиданд. Дастаҳое, ки ба даври чаҳорякниҳоӣ суъуд карданд, боз 2 миллион евро ва дастаҳои ба даври ниманиҳоӣ роҳёфта боз 3 миллион евро гирифтанд. Дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда соҳиби 4,5 миллион евро ва қаҳрамони Аврупо-2008 соҳиби 7,5 миллион евро мешаванд.

Дастаи Испания дар сурати ғалаба дар бозии ниҳоӣ дар маҷмӯъ 23 миллион евро ба даст меорад. Агар тими Олмон пирӯз шавад, ҷамъулҷамъ 22 миллион евро мегирад, зеро олмониҳо дар як бозии сабқати гурӯҳӣ аз тими Хорватия бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда буданд.

XS
SM
MD
LG