Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори генерали Эрон ба Исроил


Фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба Исроил ҳушдор додааст, ки ба Эрон ҳамла набарад, вагарна кишвари яҳудиён дар қаламрави бурди мушакҳои Эрон қарор дорад. Генерал Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ гуфтааст, кишвараш ҳамчунин метавонад интиқоли нафтро аз гулӯгоҳи Ҳурмуз маҳдуд кунад. Изҳороти Ҷаъфарӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки дар авоили моҳи ҷорӣ 100 ҳавопаймои ҷангии Исроил ва Юнон барои имкони ҳамла ба ҳадафе дар масофаи дур машқҳои низомӣ анҷом доданд.
XS
SM
MD
LG