Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин иҷлоси солонаи САҲА дар Осиёи Марказӣ


Пагоҳ, 29-уми июн дар Остона-пойтахти Қазоқистон Иҷлоси Порлумонии САҲА ба кори худ оғоз мекунад. Ин иҷлоси 17-уми солона аст ва то 3-юми июл давом хоҳад кард. Интизор меравад, ки дар кори он 270 намоянда аз 56 кишвари узв ширкат ҷӯянд. Амрико ба ин конфронс 17 намоянда ва Русия 15 намоянда мефиристанд. Дар ин иҷлоси солона, ки бори нахуст дар пойтахти як кишвари Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, баррасии доираи васеъи масоил аз қабили идораи умури марбут ба об, тиҷорат, мубориза бо суистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон, хушунат алайҳи занон, амнияти интернетӣ ва муҳоҷират дар назар гирифта шудааст. Масоили Афғонистон, Гурҷистон ва Чернобил низ баррасӣ мешавад. Соли гузашта чунин иҷлоси солона дар Укроин баргузор шуд. Қарор аст соли оянда дар Литво баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG