Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талаби озодии хабарнигори Озодӣ


Ин оқсаққолон ҳаргиз аз ҳукумати кишвар ва президенти он интиқод намекунанд

Ин оқсаққолон ҳаргиз аз ҳукумати кишвар ва президенти он интиқод намекунанд

Хабари ба бемористони маризиҳои рӯҳии вилояти Либапи Туркманистон интиқол ёфтани Сазак Дурдимуродовро пайвандони ӯ таъйид карданд.

Аксари мухолифин ва мунаққидини ҳукумати Туркманистон маҳз дар ҳамин гуна бемористонҳо нигаҳ дошта мешаванд. Аз ин пеш мақомоти кишвар мегуфтанд, ки дар бораи сарнавишти Сазак Дурдимуродов, гузоришгар ва меҳмони барномаҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ, иттилоъе надоранд.
Дурдимуродов рӯзи 20-уми июн дар манзили зисташ дар шаҳри Баҳордин, воқеъ дар 200-километрии ғарби шаҳри Ашқобод боздошт шуда буд. Бори ахир хонумаш бо ӯ дар зиндони шаҳр, чаҳор рӯз баъд аз боздошт мулоқот намуд ва Дурдимуродов он вақт гуфта буд, ки ӯро латукӯб ва барои рад кардани пешниҳоди қатъи ҳамкорӣ бо Радиои Озодӣ бо ноқилҳои барқ шиканҷааш кардаанд.
Отаҷон, писари Дурдимуродов, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 26-уми июн ду низомипӯш ба манзилаш омада, шиноснома ва телефони ҳамроҳи падарашро хостаанд ва аммо ӯ ин талабро рад кардааст.
Қурбондурдӣ Қурбонқулиев, яке аз фаъъолони ҳифзи ҳуқуқи башар дар Туркманистон, ки феълан зиндонист
Рӯзи музокироти миёни Иттиҳоди Аврупо ва мақомоти Туркманистон оид ба вазъи ҳуқуқи башар мавриди шиканҷа қарор гирифтани Сазак Дурдимуродов аз сӯи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақарраш дар Ню-Йорк, маҳкум шудааст. Як узви ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ки “агар зимни музокирот дар Ашқобод онҳо аз қазияи Сазак Дурдимуродов огаҳ мешуданд, ҳатман ба он вокуниш мекарданд”.
С. Дурдимуродов, омӯзгори 59-солаи таърих, меҳмони доимии барномаҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ буд. Шарҳу гузоришҳои ӯ бештар рӯи ислоҳоти Қонуни асосӣ ва ислоҳот дар бахши маориф тамаркуз мекарданд. Чанд рӯз қабл аз боздошт Дурдимуродов дар бораи ислоҳоти Қонуни асосии раисиҷумҳур Бердимуҳаммадов чунин гуфта буд: «Мардум бояд аз ислоҳот манфиъат бубинанд. Боло бурдани сатҳи зиндагии одамон бояд дар маркази ислоҳот бошад. Дар акси ҳол, ба ин ислоҳот ниёзе нест».
Гуфта мешавад, ки Дурдимуродов яке аз муаллифони номаи саркушода ба вазорати маориф бо талаби коҳиши таълими китоби “Рӯҳнома”-и раисиҷумҳури пешин Сафармурод Ниёзов дар мактабу донишгоҳҳо буд, ки зери ин нома садҳо донишҷӯён ҳам имзо гузоштаанд. Ин ҳам дар ҳолест. ки омӯзиши “Рӯҳнома” дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва макобити олии Туркманистон ҳатмӣ буда,
яке аз имтиҳонҳои вуруд ба макотиби олӣ низ аз рӯи ин асари «муқаддас» мебошад.
Як ҳамсояи Сазак Дурдимуродов дар суҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин омӯзгорро дар ҷомиъа эҳтиром мекунанд ва дар ҳама маросимҳо – ҳам тӯю сур ва ҳам мотам – аз ӯ машварату маслиҳат мехоҳанд. Ин шахс Дурдимуродовро ҳамчун “шахси меҳрубону ором” арзёбӣ кард, ки “ҳамеша барои кумак омода аст”. Ба гуфтаи ҳамсояи Дурдимуродов, “ҳама аз ҳабси омӯзгор маъюсанд ва раҳоии ӯро интизоранд”.
Ҷефрӣ Гедмин, раиси Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ дар робита ба боздошт ва латукӯби Дурдимуродов як изҳороти шадидуллаҳн пахш кард. Созмонҳои “Гузоришгарони бидуни марз” ва Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон низ боздошту шиканҷаи хабарнигорро маҳкум карданд.
Гуфта мешавад, ки ҳафтаҳои ахир мақомоти Туркманистон таъқибу фишори хабарнигорони Радиои Озодиро шиддат бахшидаанд. Ҳамин тавр, аввали моҳи июн онҳо аз ширкати хабарнигорони Радиои Озодӣ дар як нишасти омӯзишӣ дар Қирғизистон ҷилавгирӣ карданд. Ба хабарнигори дигар ҳушдор додаанд, ки ҳамкорӣ бо Радиои Озодӣ метавонад хонаводаашро ба хатар мувоҷеҳ кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷозаи сабти номи расмӣ дар вазорати хориҷаи Туркманистонро надоранд ва аз истифодаи Интернету васоили мухобира маҳруманд.
XS
SM
MD
LG