Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Душанбе Конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Ҷилавгирӣ аз офатҳои табиъӣ, ки ба об иртибот дорад» шурӯъ ба кор кард.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар рӯбарӯи офатҳои табиъӣ, аз ҷумла сел, боришот, хушксолӣ, тарма ва лағжишҳои қисми замин, ба шумор меояд.
Тоҷикистон, ки 93%-и қаламрави он кӯҳсор аст, дараҳои танги кӯҳсор ба тағйири сареъи вазъи обу ҳаво мунҷар мешавад. Ва ин офатҳои табиъиро ба дунбол дорад.
Офатҳои табиъӣ ҳамасола дар кишвар хисороти моливу ҷониро дар пай дорад. Мисол, дар 8 соли ахир хисорот аз офоти табиъӣ дар Тоҷикистон ба 65 миллион доллар расида, наздик ба 3000 нафар сокинони ҷумҳурӣ бар асарашон ҷони ҷони худро аз даст додаанд.
Ба илова, офатҳои табиъӣ ба ҳосилхезии замин низ садама мезанад. Бар асоси пажӯҳиши коршиносон, офоти табиъӣ солона аз 1 ҳектор замин аз 50 то 250 тонна хоки ҳосилхезро мешӯяд.
Ҳадаф аз конфронси байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе низ ҷилавгирӣ аз офатҳои табиъист, ки ба об иртибот доранд. Дар он намояндагон аз даҳҳо кишвар (ҷуз Узбакистон ва Туркманистон) ширкат доранд. Аз Майкл Ҷонс, намояндаи доимии барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон пурсидам, ки дар адами ширкати ин ду кишвар оё конфронс метавонад ба натиҷае бирасад ва ба Тоҷикистон дар ҳалли мушкилот кумак кунад? М. Ҷонс дар посух гуфт: «Ин конфронс барои ҳалли кадом як муноқишаи сиёсӣ роҳандозӣ нашудааст, дар ҳоле мусаллам аст, ки чолишҳо ва танишҳо миёни Тоҷикистон ва ҳамсоягонаш вуҷуд дорад. Ҳадаф аз ин конфронс огаҳ кардани кишварҳои минтақа ба мушкилотест, ки дар баҳрабардорӣ аз захоири об ва ҷилавгирӣ аз офатҳои табиъӣ дар рӯбарӯи онҳо қарор дорад».
Бен Слай, масъули дафтари барномаи Рушди СММ дар Братислава, дар посух ба ин суъол назари М. Ҷонсро тақвият дода, гуфт: «Мавқеъи Узбакистон ва Туркманистон дар истифода аз фанновариҳои ҷадид дар истифода аз захоири об ва ҷилавгирӣ аз офоти табиъӣ барои Тоҷикистон аҳамммияте надорад. Агар Тоҷикистон бихоҳад системи обу обёрии худро танзим кунад, ҳеч кишваре, аз ҷумла Узбакистон, наметавонад пеши роҳи онро бигирад. Дар сурате, ки Тоҷикистон ба ин кор даст занад, барномаи Рушди СММ ба ин кишвар кумак хоҳад кард».
Ин дар ҳолест, ки дар маросими оғоз ба кор кардани ин конфронс Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ки ҳадаф аз баргузории он ҷалби кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ба осебпазирии Тоҷикистон ба офатҳои табиъист. Ва мушобеҳи 17 соли сипаришуда Тоҷикистон дар ин замина ба кумакҳои хориҷӣ ниёз дорад.
Ин конфронс ба ибтикори давлати Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Вале ҳазинаҳои баргузории онро барномаи Рушди СММ пардохт кардааст. Ба гуфтаи бисёре аз хабарнигорон, ин конфронс аз лиҳози иттилоъотӣ муваффақ набуд, ба ин далел, ки аз сӯи тадорукдиҳандагони он дар бораи теъдоди ширкаткунандагонаш ва ҳадаф аз ин конфронс иттилоъе игтишор нашуда буд ва аз ин рӯ хабарнигорон ба мушкил мувоҷеҳ шуданд.
Конфронс ду рӯзи дигар низ ба кори худ идома хоҳад дод.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG