Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ раҳоии фаврии Дурдимуродовро талаб кард


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ), мақараш дар Ню Йорк, боздошт ва шиканҷаи гузоришгари Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ аз сӯи мақомоти Туркманистонро маҳкум кард. Кумита аз Ашқобод фавран раҳо кардани хабарнигор Сазак Дурдимуродовро талаб кардааст. Хабарнигор чанд рӯз пеш дар манзили зисташ боздошт ва баъди сарпечӣ аз талаби қатъи идомаи ҳамкорӣ бо бо бахши туркмании Радиои Озодӣ мавриди шиканҷа қарор гирифт. Қаблан Ҷефрӣ Гедмин, раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ ҳам боздошту шиканҷаи хабарнигорро шадидан маҳкум карда буд.

XS
SM
MD
LG