Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду афғон дар ҷамъи ҳазорҳо нафар


Дар шимолу ғарби Покистон толибон ду афғонро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Амрико дар ҷамъи мардум ба қатл расонданд. Дар пеши чашми ҳазорон нафар толибон якеро сар буриданд ва дигариро тирборон карданд. Баъд аз ин тирпарронӣ шурӯъ шуд ва бар асари ин дасти кам боз ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд.

Тибқи хабарҳо, толибон ду шаҳрванди Афғонистонро чанд рӯз пеш рабуда буданд. Онҳо дар ироаи иттилоъе ба низомиёни амрикоӣ айбдор мешуданд, ки тибқи он моҳи гузашта як қароргоҳи толибон ҳадафи мушакборон қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG