Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти G-8 идома дорад


Вазирони хориҷаи кишварҳои узви гурӯҳи G-8 ё давлатҳои санъатии ҷаҳон дар Киотои Ҷопон барои баргузории нишасти аслии ин паймон дар ҳафтаи оянда омодагӣ мебинанд. Дар меҳвари ин нишаст мавзӯи болоравии қимати нафт ва кӯмаки амниятии Афғонистон қарор дода шудааст. Дар ҷараёни рӯзи аввали нишасти худ дирӯз вазирон барои ироаи кӯмакҳои дарозмуддат ба Кобул тааҳҳуд намуданд, аммо аз ҳукумати Афғонистон ҳам тақозо карданд, ки барои таъмини амният дар кишвар масъулияти бештар нишон диҳад. Дар ин нишаст ҳамчунин масоили Кореяи Шимолӣ, Зимбабве ва Эрон баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG