Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се амрикоӣ дар Кобул


Дар пайи ҳамла ба ҳайати низомии амрикойӣ дар ҷануби Кобул, дасти кам се нафари онҳо ҳамроҳ бо тарҷумони маҳаллиашон ба ҳалокат расиданд. Дар изҳороти эътилоф гуфта мешавад, ҳангоме ки низомиён аз вулусволии Сайидободи вилояти Вардак убур мекарданд, таркиши шадид ва оташсӯзии баъдӣ як мошини низомиёнро хароб кард. Ҳанӯз мушаххас нест, ки низомиён шаҳрванди кадом кишвар буданд, ҳарчанд гуфта мешавад, ки аксари нирӯҳои ин ҳайатро амрикоиҳо ташкил медиҳанд. Изҳорот ҳокист, ки нирӯҳои артиши миллӣ ва эътилофиҳо дунболи ҳамлагарон мегарданд.

XS
SM
MD
LG