Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши хатароти офатҳои табиӣ


Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти байналмилалии коҳиши мизони хатароти ношӣ аз офоти табиъии марбут ба об баргузор хоҳад шуд. Дар ин конфаронс масоили тағйири иқлим ва ҳаводиси табиии марбут ба об мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Қарор аст дар ин конфаронс раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини дабири кулли СММ М. Белка иштирок ва суханронӣ кунанд. Дар кори ин конфаронс намояндагон аз чил кишвари олам, роҳбарони созмонҳои байналмилаӣ ва минтақаӣ аз ҷумла дабирони кулли САҲА, Ҷомеаи АвруОсиё, котиби иҷроияи ИДМ, дабири кулли СозмониҲамкориҳи Шонгҳой президенти Комисиюни байналмилалии сарбандҳои азим ширкат хоҳанд кард. Ин конфаронс рӯзи 29 –и июн ба кори худ хотима медиҳад.

XS
SM
MD
LG