Пайвандҳои дастрасӣ

Мугобе даъватҳои таъвиқи интихоботро рад кард


Раҳбари Зимбабве, Роберт Мугобе, даъватҳои байнулмилалии ба таъвиқ гузоштани овоздиҳии такрории интихоботи президентиро рад кард. Сарони ҷаҳон гуфтаанд, интихобот қонунмандона нест, зеро сарвари мухолифон, Морган Тсвангирай пас аз мавҷи ҳамлаҳои марговар ба тарафдоронаш номзадии хешро пас гирифт. Аммо Мугобе имрӯз дар як раҳпаймоии ҷонибдоронаш гуфт, интихобот баргузор хоҳад шуд. Вай афзуд, ба муколама бо Ҷунбиши тағйироти демократии Тсвангирай омодааст. Тсвангирай дар даври аввали интихобот дар моҳи март аз Мугобе дида раъйи бештар гирифт.
XS
SM
MD
LG