Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи байнулмилалии гароишҳои сиёсӣ дар Донишгоҳи Мериленди Иёлоти Муттаҳида дар 14 кишвари мухталифи ҷаҳон назарсанҷӣ барпо кард, то муносибати одамонро ба корбасти шиканҷа муайян намояд.

Аксарияти мардуми ҷаҳон гуфтаанд, бояд қонуни ошкору рушане шиканҷаро дар сартосари дунё комилан манъ кунад, ҳатто дар мавриди террористоне, ки иттилоъи онҳо метавонад, ҳаёти одамони бегуноҳро наҷот бидиҳад. Аммо бархе аз посухдиҳандагон бар ин ақидаанд, ки ҳукуматҳо ба сурати куллӣ бояд имкони истифода аз шиканҷаро дошта бошанд.

Агар ба арқом рӯ оварем, 57 дарсади ҳамаи пурсидашудагон тарафдори қонуни шадиди зидди шинкаҷаанд, 35 дарсад ин истисноро қойиланд, ки дар баъзе ҳолатҳо, вақте иттилоъ ба ҳаёту мамоти афроди зиёд марбут аст, мешавад то андозае аз шиканҷа кор гирифт. Ва ҳамагӣ 9 дарсад мегӯянд, ба ҳукуматҳо ҳаққи куллии истифода аз шиканҷаро бояд дод.

Аз ҳама бештар дар Ҳиндустон, Нигерия ва Туркия аз шиканҷа ҳамчун омили ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ пуштибонӣ кардаанд. Аммо 82 дарсад дар Испониё, Фаронса Бритониё, 73 дарсад дар Мексик, 66 дарсад дар Чин, ва ҳамин теъдод дар қаламравҳои фаластинӣ, шастдарсадӣ дар Лаҳистон. Индонезӣ ва Укроин шадидан ва комилан зидди шиканҷа мебошанд. Дар панҷ кишвари дигар -- Озарбойҷон, Миср, Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Эрон мухолифони сарсахти шиканҷа аз 43 то 54 дарсадро ташкил медиҳанд.

Мудири барномаи Афкори оми ҷаҳонӣ, Стивен Кул мегӯяд, агар кор ба ҳукуматҳо вогузор шавад, онҳо ҳамеша истифода аз шиканҷаро ба номи халқ рабт медиҳанд ва мегӯянд, ба хотири манофеъи халқ аз шиканҷа кор гирифтаанд. Аммо дар асл, онҳо барои манфиатҳои худ даст ба шиканҷа мезананд.

Муттаассифона, ин назарсанҷӣ ҳеч яке аз кишварҳоги Осиёи Марказиро шомил накардааст. Биноъан афкори ом дар бораи он номаълум боқӣ мемонад, аммо дар ҳамаи ин кишварҳо ниҳодҳои қудратӣ аз шиканҷа истифода мекунанд. Пайвандони даҳҳо маҳкумин дар Тоҷикистон гуфтаанд, айбдоршавандагон барои наҷот аз шиканҷаи ғайриинсонӣ ҳама гуна айбномаро бар дӯш мегиранд ва ба ҷинояти нокардаи худ, ба истилоҳ "иқрор мекунанд." Соли гузашта ду корманди милисаи Тоҷикистон барои шиканҷаи як наврас боздошт шуданд. Ҳомии ҳуқуқи инсон, Мӯътабар Тоҷибоева, ки аввали ин моҳ зери фишори байнулмилалӣ ба озодӣ баромад, маҳбасҳои Узбакистонро "ҷазираҳои шиканҷа" меномад. Хонуми Тоҷибоева мегӯяд, ягона бардошти ман аз умрам дар маҳбас ин аст, ки маҳбасҳои Узбакистон ҷазираи зулму шиканҷа мебошад. Онҳо аз ҷомеа ва мардум пинҳонанд. Иштибоҳе нест, агар ин гуна номида шаванд.

Корбасти ҳама навъи шиканҷа аз тарафи Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG