Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон ба даври ниҳоии сабқати футболи Аврупо роҳ ёфт


Дастаи миллии футболи Олмон пас аз пирӯзӣ бар мунтахаби Туркия ба бозии ниҳоии сабқати Аврупо барои унвони қаҳрамони қора ҳақдор шуд. Бозӣ тавре ҷараён гирифт, ки эҳтимол мерафт, дастаҳо ба вақти иловагӣ ниёз хоҳанд дошт. Аммо дар охирин лаҳзаҳо муҳофизатгари олмонӣ Филип Лаҳм тӯбро ба тӯри дарвозаи туркҳо расонд. Бозӣ бо ҳисоби 3 бар 2 ба суди Олмон ба поён расид. Рақиби Олмон дар финал имшаб дар бозии Русия ва Испониё муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG