Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Буш аз эъломияи Кореяи Шимолӣ


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш имрӯз гуфт, кишвараш аз эъломияи деринтизори Кореяи Шимолӣ дар мавриди барномаи ҳастаии он истиқбол мекунад. Аммо Буш нигарониҳои боқимондаро дар ин робита таъкид намуда, исботи бештари иттилоъи марбут ба ғанисозии ураниум, таслиҳоти ҳастаӣ ва адами густаришро хостор шуд. Вай гуфт, дар посух ба изҳороти Кореяи Шимолӣ таҳримҳои калидии тиҷоратии зидди Пёнгянгро лағв ва номи онро аз рӯйихатти кишварҳои ҳомии терроризм хориҷ хоҳад кард. Зимни созишномаи соли гузашта қудратҳои ҷаҳонӣ ба Кореяи Шимолӣ дар ивази қатъи фаъолиятҳои ҳастаии он кӯмакҳо пешниҳод кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG