Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Ҷорҷ Буш ва Ҷалол Толибонӣ


Ҳангоми мулоқот, 25-уми июни соли 2008

Ҳангоми мулоқот, 25-уми июни соли 2008

Дар мулоқоти Ҷорҷ Буш ва Ҷалол Толибонӣ дар Вашингтон имкони бастани шартнома дар бораи мақоми артиши амрикоӣ дар Ироқ баррасӣ шуд.

Ин мулоқоти нимсоатаи президенти ИМА ва ҳамтои ироқиаш дар Кохи сафеди Вошингтон, пойтахти ИМА, баргузор гардид. Ҷорҷ Буш дар бораи ин мулоқоти шояд охирин, аз ҷумла, чунин гуфт: «Мо созишномаи асосии стротежиро мавриди муҳокима қарор додем, ки ҳукумати Ироқро низ қаноатманд кунад. Мо дар бораи интихобот ва қонунҳои мухталифи қабулшуда суҳбат кардем. Ман ба раисҷумҳури Ироқ гуфтам, ки соли ҷорӣ фаъъолияти порлумони кишвар хеле муваффақ буд. Дар суҳбати мо зикр гардид, ки иктисоди Ироқ рӯ ба беҳбуд ниҳода, рафтори мардум ҳам дар тӯли ин солҳо ба гунаи бесобиқа тағйир ёфт».
Дар навбати худ Толибонӣ эълом намуд, ки тарафайн дар самти расидан ба тавофуқе, ки барои ироқиҳо қобили қабул бошад, ба пешрафт ноил шуданд: «Мо инчунин ба ҳамкориамон дар робита ба муборизаи муштарак бо терроризм ва тавсиъаи демократия дар Ироқу Ховари миёна идома медиҳем. Мо ифтихор дорем, ки дар ин кишвари бузург чунин дӯстони самимӣ дорем».

Амрико ва Ироқ умедворанд, ки дар мавриди «Созишномаи мақоми нерӯҳо» то ахири моҳи июл ба тавофуқ бирасанд, то артиши Амрико баъд аз ба поён расидани иҷозаи СММ дар охири соли ҷорӣ битавонад ба таври қонунӣ дар каламрави Ироқ боқӣ монад. Инчунин кӯшиш ҳаст, ки дар мавриди мавзӯъҳои ҳамкории дарозмуддати амниятӣ, иқтисодӣ ва низомӣ ин ду кишвар ба тафоҳуми муштарак бирасанд.
Суҳбати ахири Буш ва Толибонӣ аз пешрафт дар чунин як музокироти мушкиле шаҳодат медиҳад.
Ҳукумати Ироқ инчунин хостааст, ки Амрико дар бораи амалиётҳои низомиаш дар Ироқ пешакӣ ба ҳукумати он иттилоъ диҳад. То ҳол норавшан аст, ки оё дар ин масъала ҷонибҳо ба тавофуқи назар даст ёфтаанд ё хайр.

Раисҷумҳури Ироқ дар бораи комёбиҳо дар роҳи расидан ба созиши миллӣ ва дар арсаи байнулмилалӣ чунин гуфт: «Дар самти оштии миллӣ мо низ гоми бузург бардоштем. Мо робитаҳоямонро бо ҳамсояҳоямон Туркия, Миср, Урдун ва Кувайт беҳбуд бахшидем. Шеваи равобити мо бо Эрону Сурия ислоҳ шудааст. Ҳамин тавр ҳукумати Ироқ акнун дар ҷахони Араб метавонад нақши худро иҷро кунад».

Дар ҳоле ки Амрико ва Ироқ созишномаи мақоми нерӯҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, дар дохили ИМА ҳамоно нигарониҳо аз тамдиди муҳлати ҳузури нерӯҳои ин кишвар дар Ироқ доғтар мешавад. Суъол ин аст, ки то чи муддат ин нерӯҳо дар онҷо боқӣ мемонанд ва вазифаи онҳо аз чи иборат хоҳад шуд. Ва саволи дигар ин аст, ки оё бо табдили қудрат дар Амрико мохи январ раисҷумҳури ҷадид омода мешавад, ки ин созишномаро эътироф кунад?
Ҳоло ба ин саволҳо ҳеҷ кас посухи мушаххас дода наметавонад.
XS
SM
MD
LG