Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Манделлаву Буш аз интихоботи Зимбабве


Раиси ҷумҳурии пешини Африқои Ҷанубӣ Нелсон Манделла бӯҳрони сиёсии Зимбабверо чун як шикасти фоҷеабори мудирият арзёбӣ кард. Тавзеҳои оқои Манделла зарбаи дигари шадиде ба обурӯи Роберт Мугабе, раиси ҷумҳурии собиқадори Зимбабве шуд, ки имрӯз мехоҳад интихоботи баҳсбарангези президентиро доир кунад. Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш бо сабаби бидуни ширкати намояндаи мухолифин Морган Тсвангирай баргузор шудани ин маърака, интихоботро як шармандагӣ унвон кард. Сабаби канор рафтани Тсвангирай аз рақобатҳо фишор ва хушунатҳои тарафдорони ҳукумат болои ҷонибдорони мухолифин мебошад.

XS
SM
MD
LG