Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раиси САҲА ба Қазоқистону Қирғизистон


Раиси Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, вазири хориҷаи Финландия Александр Стубб дар таърихи 30 июн то 2 июл аз Қирғизистон ва Қазоқистон дидан хоҳад кард. Вай қарор аст бо раиси ҷумҳуриҳо, вазирони хориҷа ва раисони парлумонҳои ин ду ҷумҳурӣ мулоқот кунад. Дар миёни мавзӯъҳои мавриди гуфтугӯ дар ин нишастҳо мусоидат дар иҷрои тааҳҳудоти ин кишварҳо дар баробари САҲА, амнияти марзӣ, ҳуқуқи инсон ва амнияти зистмуҳитӣ баррасӣ мешавад. Оқои Стубб дар Қазоқистон дар маҷмаи парлумонии солонаи САҲА суханронӣ хоҳад кард, ки қарор аст аз 29 то 3 июл дар Остона доир шавад.

XS
SM
MD
LG