Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи қочоқи органҳо таҳқиқ мешавад


Шӯрои Аврупо, муҳимтарин ниҳоди ҳомии ҳуқуқи башар дар Аврупо иттиҳомоти воридаро алайҳи як идда сиёсатмадорони Косово мавриди таҳқиқ қарор медиҳад, ки мегӯяд, онҳо дар солҳои ҷанг бо Сербистон узвҳои инсониро қочоқ мекарданд. Шӯрои Аврупо гуфт, ки сенатори швейсарӣ Дик Мартиро барои таҳияи гузрише дар ин замина ба Косово сафарбар мекунад. Иттиҳомоти мазкур, ки дар китоби додситони кулли трибунали низомии Ҳейг Карла Дел Понти оварда мешавад, ҳокӣ аз он аст, ки нирӯҳои албанитабори Косово дар солҳои ҷанг ҳудудан 300 серби зиндониро барои буридани узвҳои баданашон бо ҳадафи фурӯши баъдии онҳо ба шакли донорӣ ҷарроҳӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG