Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон Покистонро гунаҳгор мекунад


Оҷонсии истихбороти Афғонистон ҳамтои покистониашро дар ташкили кӯшиши сӯиқасд ба ҷони раиси ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай муттаҳам кард. Сайид Ансорӣ, сухангӯи оҷонсии милии истихбороти Афғонистон гуфт, таҳқиқот нишон додааст, ки ташкилкунандаи аслии ҳамлаи рӯзи 27 апрел дар Кобул хадамоти иктишофии Покистон мебошад. Ансорӣ иддао дорад, ки телефонҳои бесими аз дасти ситезаҷӯёни ширкатдори ин ҳамла мусодирашуда роҷеъ ба вуҷуди иртиботи доимии ҷангиён бо пойгоҳҳои худ дар Покистон маълумот додааст. Исломобод ин иттиҳомотро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG