Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти энержии Русияву Аврупо


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо имрӯз бояд нахустин бор ҳамроҳ бо раисҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев барои баррасии созишномаи ҳамкориҳои стратегии миёни ду ҷониб ташкили ҷаласа кунанд. Медведев, ки моҳи гузашта ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ кардааст, барои ширкат дар як нишасти дурӯза дар Ханти-Мансисйски минтақаи Сибир президенти Комиссиюни Аврупо Ҳосе Мануэл Бароссо ва раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавер Соланаро даъват кардааст. Мавзӯи аслии гуфтугӯҳо масоили энерживу амниятӣ хоҳад буд. Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад замонати Русияро бигирад, ки дар оянда дигар аз захоири газу энержии худ барои фишор болои ҳамсояҳо истифода нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG