Пайвандҳои дастрасӣ

Беэътиноии Тошканд ба даъватҳои Аврупо


Тошканд, эътирози муҳофизони ҳуқуқи башар дар назди Додситонии кулл

Тошканд, эътирози муҳофизони ҳуқуқи башар дар назди Додситонии кулл

Се моҳ пас аз онки Иттиҳоди Аврупо аз беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон ситоиш кард, хабарҳо аз дохили кишвар ҳокиянд, ки вазъи ҳуқуқи инсон баракс бадтар шудааст.

Мақомоти давлат ҳама гуна норозигиро таҳти фишор гирифта, матбуоти мустақилро сонсур мекунанд ва дастрасӣ ба сомонаҳои интернетиро маҳдуд менамоянд. Тошканд даъвати Иттиҳоди Аврупоро ба озод кардани даҳҳо ҳомии ҳуқуқи инсон аз маҳбас, ки тибқи хабарҳо мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор мегиранд, нодида гирифт. Вале оё Иттиҳоди Аврупо ин вазъро нодида хоҳад гирифт?

Норбой Холҷигитов, муҳофизи фаъоли ҳуқуқи башар, ки дар Узбакистон ба зиндон афканда шудааст, ахиран ба бемории сангин гирифтор шудааст. Абдураҳмон Ташанов, муҳофизи ҳуқуқи башар дар ин кишвар, ба радиои «Озодӣ» вазъи кунунии оқои Холҷигитовро чунин шарҳ дод: "Норбой-ака дар вазъи сангин қарор дорад ва ба ҳаёташ хатар хатар таҳдид мекунад. Фишори хунаш баланд аст, дасту пойҳояш тақрибан фалаҷ шудаанд. Бино ба маълумоте, ки ба мо мерасад, вақте, ки вай барои ба ҷое рафтан эҳтиёҷ пайдо мекунад, ҳамроҳонаш ӯро бурда меоранд".
Зиндонҳои Узбакистон бо азияту озор ва шиканҷаи зиндониён шуҳрат доранд. Гурӯҳҳои муҳофизи ҳуқуқи башар тахмин мезананд, ки Н. Холҷигитов низ шадидан шиканҷа дидааст.
Норбой Холҷигитови 60-сола моҳи июни соли 2005 барои 10 сол маҳкум ба зиндон шуд. Ҳомиёни ҳуқуқи башари Узбакистон ба таъкид мегӯянд, ки иттиҳомоти ворида ба вай беасос ва сохтаву бофта мебошанд. Дар ҳамин ҳол, Иттиҳоди Аврупо Н. Холҷигитовро ба феҳристи фаъъолони зиндонии ҳуқуқи башар ворид кардааст. Иттиҳоди Аврупо, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ва соири муассисоти байнулмиллалии дифоъ аз ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тошканд хостаанд, ки ӯро раҳо кунанд.
Бино ба маълумоти Дидбони Ҳуқуқи Башар, ҳоло дастикам 11-нафар фаъъолони дифоъкунанда аз ҳуқуқи башари Узбакистон дар зиндонҳо ва як нафари дигар дар бемористони бемориҳои равонӣ қарор доранд. Онҳо кори сулҳомези худро пеш мебурданд ва аз нуқсонҳо дар кори ҳукумат ошкоро интиқод мекарданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Иттиҳодияи Аврупо аз беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон суҳбат мекунад ва моҳи март Бруcсел (Белгия) судури раводид ба кормандони ҳукумати Узбакистонро барои 6 моҳи дигар иҷоза дод. Аз чунин иқдоми Иттиҳодияи Аврупо рӯзноманигорони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон интиқод карданд ва гуфтанд, ки Иттиҳодияи Аврупо барои дастёбӣ ба манобеъи сухти Узбакистон рӯйдодҳои хунини Андиҷонро фаромӯш кардааст. Ҳарчанд Пиэр Морел, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи марказӣ, мегӯяд, Иттиҳодияи Аврупо нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишварро фаромӯш накардааст, вале бо назардошти шароити кунунии Узбакистон ҳатто камтарин пешрафт дар бахши ҳуқуқи башар дар ин кишвар нуктаи муҳим аст: "Садо баланд кардан дар бораи нақзи ҳуқуқ ва бекор нишастан кори осон аст. Ин роҳе нест, ки мо пеш гирифтаем. Мо роҳи тақозоро пеш гирифтаем – роҳи душвор, роҳе, ки каме натиҷа медиҳад".
Дар ҳамин ҳол, Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, агар Узбакистон таъаҳудоти худро иҷро накунад ва фаъолони ҳуқуқи башарро аз зиндонҳо раҳо насозад, дубора таҳримҳои худро бар зидди он ҷорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG