Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миллатгароӣ дар Русия: сабаб ва пайомадҳо


Дар 5 моҳи соли равон аз сӯи миллатгароҳо дар Русия 57 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикҳо, кушта шуданд, дар соли гузашта -- 80 нафар...

  • Чаро адовати қавмӣ дар Русия хурӯҷ кардааст?
  • Чаро бештар муҳоҷирони корӣ ҳадафи ҳамлаи “скинҳедҳо” қарор мегиранд?
  • Оё мақомоти Русия барои ҷилавгирӣ аз ҷиноёти қавмӣ даст ба иқдоме мезананд?
  • Ва ба оташи адовати қавмӣ кӣ бештар равған мерезад?
Камола аз зарбаи сахту ногаҳонии ҷавоне рӯи фарши мармарии метро уфтод. Ҳанӯз ӯ ба худ наомада, ҷавони дигар ӯро аз рӯи фарш боло карду дастҳояшро ба ақиб тоб дод ва ҷавони аввалӣ бо муштҳои оҳанин боз ба сару рӯи Камола зад. Дигар чи шуду чи гузашт ва чи гуна ӯро ба бемористон интиқол доданд, Камола ёд надорад.
Ин узбакхонуми муқими Маскав фақат баъд аз чаҳор рӯз ба худ омад, аммо ҷароҳатҳояш он қадар сангину ҷиддӣ буданд, ки боз як ҳафта имкони забон во кардан надошт. Табибон гуфтанд, ки ба ҷуз ҷарроҳии сару рӯ илоҷи дигар нест. Бо вуҷуди ин Камола шукр мегӯяд, зеро ӯ чун ҳазорон хориҷиёни Русия хуб медонад, ки ҳамасола аз ин гуна ҳамлаҳои миллатгароёни рус даҳҳо “бегонаҳо” кушта мешаванд.
Конфронси миллатгароёни рус дар шаҳри Раменское (вилояти Маскав)
Ба иттилоъи Маркази “Сова”-и Маскав, ки ҷиноёт бар пояи адовати қавмиро пажӯҳиш мекунад, таййи 5 моҳи соли равон бар асари ҳамлаҳои скинҳедҳо ё сартарошидаҳо дар Русия 57 нафар кушта ва 117 кас маҷрӯҳ шудаанд. Соли гузашта дар маҷмӯъ ҳамлаҳои скинҳедҳо мунҷар ба ҳалокати 80 нафар шуда буд. Галина Кожевникова, муовини раиси “Сова”, мегӯяд, ки теъдоди аслии кушташудагон аз арқоми расмӣ хело бештар аст: “Аз нигоҳи ман, 57 рақами воқеъӣ нест. Мо ҳанӯз соли гузашта аз мушкили дарёфти иттилоъ ҳарф зада будем ва аммо имсол то куҷо душвор будани пайдо кардани ин гуна хабарро ман ҳатто баён карда наметавонам. Ин иттилоъ ба расонаҳои хабарӣ намерасад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошанд, аслан ягон иттилоъ намедиҳанд».
…Мақомоти шӯравии собиқ ҳама далелҳои нажодпарастӣ ва адовати қавмиро рӯпӯш ва аз ҳама гуна зуҳури он ҷилавгирӣ мекарданд. Дӯстии халқҳо ва интернатсионализм аз шиорҳои аслии ҳизби ҳукмрони коммунистӣ маҳсуб мешуд. Шикасти шӯравӣ аждаҳои адовати қавмиро аз банд раҳо кард. Талошҳои эҳёи худшиносӣ ва ғурури миллии русҳо ҳамроҳ бо шурӯъи муҳоҷират аз дигар кишварҳои собиқ шуравӣ ба Русия оташи нажодпарастиро фурӯзон карданд ва ин оташ таййи чанд соли ахир ҳазорон нафарро ба коми худ фурӯ кашидааст.
Хуршеда Султоноваи 9-сола (дар байн), ки бо 11 зарбаи корди фашистони рус кушта шудааст
Аз нигоҳи таҳлилгарон, тамоми ин солҳо мақомоти Русия барои ҳалли ин мушкил коре анҷом надодаанд. Мунаққидони ҳукумати Русия мегӯянд, ки ҳукумат, баръакс, ба оташи адовати қавмӣ равған мерехт ва ҳамлаи густурда болои гурҷиҳо дар вокуниш ба боздошти чанд афсари ҷосуси рус аз сӯи Тифлис ва аз бозорҳо ронда шудани хориҷиёнро далел меоваранд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури он вақтаи Русия, ихроҷи шаҳрвандони Қавқозу Осиёи марказӣ аз бозорҳои кишварро чун “дифоъ аз манофеъи мардуми бумӣ” арзёбӣ карда буд. Ҳамзамон додгоҳҳои Русия низ аз баррасии парвандаҳо бо иттиҳоми барангехтани адовати қавмӣ парҳез мекарданд ва скинҳедҳои русро асосан дар “авбошӣ” айбдор мекарданд. Аз ҷумла, қотилони духтари нуҳсолаи тоҷик Хуршеда Султонова дар шаҳри Санкт-Петербург низ аз сӯи додгоҳ фақат дар авбошӣ муттаҳам шуданд, ҳарчанд далелҳои равшани узвияти муҷримон ба гурӯҳҳои миллатгаро мавҷуд буд.
Фақат тоҷикҳо гунаҳкоранд?
Маскав, Санкт-Петербург, Воронеж… Пурсарусадотарин ҷиноёти марбут ба адовати қавмии чанд соли ахир дар ин шаҳрҳои Русия рух доданд, дар шаҳрҳое, ки яке аз онҳо Петербург маркази фарҳангии Русия маҳсуб мешавад. Дар шаҳрҳо асосан донишҷӯёни африқоии макотиби олӣ ва қафқозиҳову чиноиҳо – тоҷирони бозорҳо– мавриди ҳамла қарор мегирифтанд.

Донишҷӯёни африқоӣ ҳангоми тазоҳурот дар Санкт-Петербург бо аксҳои хориҷиёни аз дасти нажодпарастон кушташуда
Ва аммо Десире Дефо, як донишҷӯ аз Камерун, мегӯяд, ки вазъ ҳоло каме тағйир хурда ва дар Санкт-Петербург ҳамла ба африқоиҳо ҷиддан коҳиш ёфтааст. Акнун, ба гуфтаи ӯ, скинҳедҳо борони адовату бадбиниро фақат болои муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи марказӣ мерезанд: «Теъдоди тоҷикҳо ва узбакҳо дар сохтмон ва дар бозорҳо афзоиш меёбад ва ҷавонҳои рус аз ин хуш нестанд. Бештари африқоиҳо донишҷӯянд ва муносибат ба мо беҳтар шудааст».
Дар “Сова” низ таййид мекунанд, ки айни ҳол муҳоҷирони корӣ аз Осиёи марказӣ назар ба африқоиҳо ва қафқозиҳо ба карат бештар мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегиранд. Масалан, мегӯянд кормандони ин марказ аз 57 нафари имсол қатлшуда 31 нафар шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон буданд.
Ба ақидаи Светлана Ганнушкина, ҳомии ҳуқуқи башар аз Маскав, хушунат алайҳи муҳоҷироне, ки дар сохтмон кор мекунанд, сабабҳои хос дорад: “Аз бетафовутии мақомоти мо имрӯз сокинони Осиёи марказӣ чун ғулом истифода мешаванд. Бидуни ҳимоят будани онҳо ба манфиъати афродест, ки ин муҳоҷиронро кор мефармоянд, зеро суиистифода аз заҳмати корманди тарсхӯрда ва ғурураш шикаста барои корфармо осонтар аст. Ва давлат аз ин фойида мебинад, зеро бо ин сохторҳо қарин аст”.
Беҳуқуқии том дар ҳамбастагӣ бо таҳдиди ҳамлаҳои пайвастаи миллатгароён дар байни муҳоҷирон як фазои тарсу ҳаросро эҷод кардааст ва онҳоро дар вазъи фишори таъзйиқи пайвастаи рӯҳӣ қарор медиҳад. Гавҳар Ҷӯраева, раиси як созмони кумак ба муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, мегӯяд, ки ин гуна вазъ бархе аз муҳоҷиронро ҳатто ба худкушӣ таҳрик медиҳад. Худи Гавҳар Ҷӯраева, ки 15 сол боз дар Маскав ба сар мебарад ва шаҳрванди Русия низ ҳаст, то ҳанӯз худро дар ин шаҳр дар амн эҳсос намекунад.
Фашистони навбаромади рус, ки 60 сол пеш бобоҳояшон бо фашистони олмонӣ ҷангида буданд, ҳангоми тазоҳурот дар қалби Маскав
Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки сатҳи хушунат алайҳи мардуми ғайр, аз ҷумла, муҳоҷирини Осиёи марказӣ боло хоҳад рафт ва як далели ин муташаккил шудани скинҳедҳо ва дигар гурӯҳҳои миллатгарост.
Ҳамин тавр, 8-уми июни соли равон 4 гурӯҳи бузурги миллатгароҳои рус дар бораи муттаҳид сохтани нерӯ ба хотири, ба гуфтаи онҳо, “мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фасод” ба созиш расиданд. Гуфта мешавад, ки айни ҳол теъдоди аъзои гурӯҳҳои миллатгаро дар Русия ба 70 000 нафар расидааст.
Сабаби орӣ аз раҳму шафқат будани миллатгароҳои рус чист? Таҳлилгарон мегӯянд, бештари аъзои гурӯҳҳои миллатгаро дар муҳити фақру нодорӣ ва дар хонаводаҳое калон шудаанд, ки дар носозгориҳои рӯзгор мардуми ғайрро айбдор мехонанд. Ин гуна муҳит одатан кӯдаконро сангдил ва бераҳм месозад. Бо гузашти солҳо онҳо дар зиндагӣ комёб нашуданд ва дарк кардаанд, ки сарнавишти минбаъдаашон низ норавшан аст, зеро аз имкони таҳсили хубу пайдо кардани ҷои кори сердаромад маҳруманд. Ва ин ҷавонону наврасон қаҳру ғазаби солҳо ҷамъшударо болои хориҷиёни ғайриславянӣ ва муҳоҷирони корӣ мерезанд, ки дар тасаввурашон, гунаҳкори ҳама бадбахтиҳои мардуми Русия маҳз онҳоянд. Албатта, миёни миллатгароҳо ҷавонону наврасоне ҳам ҳастанд, ки дар хонаводаҳои хуб бузург шудаанд, вале аз “бегонаҳо” гӯиё «озор»-е дидаанд ё маҳбубаҳояшон онҳоро тарк карда, маҳбуби “сиёҳ”-ҳо шудаанд…
Қатл барои …муҳоҷират
Навори қатли ду ҷавони ғайрирус (Интернет)
Тақрибан як сол пеш дар сомонаҳои интернетии миллатгароҳои рус наворе нашр шуд, ки онро метавон сатҳи олии ваҳшоният номид. Дар навор саҳнаи қатли ду ҷавони ғайриславянӣ – шаҳрвандони Доғистони Русия ва Тоҷикистон – сабт шуда буд: афроди ниқобпӯш дар канори парчам бо чалипои фашистӣ дасту даҳони асирони худро баста онҳоро ба қатл расониданд. Дар навори видеоӣ аён аст, ки чи гуна яке аз қотилон ба шаҳрванди Доғистон наздик шуда ӯро бо корд сар мебурад. Ин саҳнаи пурваҳшат якуним дақиқа идома кардааст. Миллатгароҳо ба сари асири дуввум тир меандозанд ва сипас нидоҳои “Шараф ба Русия!” баланд мешавад.
Иттилоъ дар бораи ин ҳодисаи ваҳшатбор ҳарчанд сарусадои зиёд барангехт, аммо вазорати умури дохилӣ ва хадамоти федеролии амниятии Русия, шояд ба хотири ором кардани ҷомиъа, наворро “тақаллубӣ” ва “саҳнасозӣ” арзёбӣ карда, аз тафтиши жарфи он худдорӣ намуданд. Бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи башар низ асл будани ин наворро зери шубҳа қарор доданд, зеро, ба гуфтаи онҳо, “ин гуна саҳнаи асримиёнагиро имрӯз ҳатто тасаввур кардан душвор аст”. Ва аммо сомонаи интернетии “Кавказ сентр” изҳороти Ҳизби насионал-сосиалисти Русияро нашр кард, ки дар он раҳбарияти ҳизб масъулияти қатли шаҳрвандони Тоҷикистон ва Доғистонро бар дӯш гирифтааст, инчунин ин сарварон алайҳи ҳамаи муҳоҷирони “сиёҳ” ва мансабдорони давлати Русия, ки онҳоро пуштибонӣ мекунанд, ҷанг эълон кардааст. Дар изҳорот тақозо мешуд, ки “ҳамаи ақвоми ғайрирус бояд аз Русия ронда шаванд”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳизби мазкур худро ҷиноҳи низомии Ҷамъияти насионал-сосиалисти Русия медонад. Бо вуҷуди ин, додситонӣ фақат бо далели пахши навори таҳрикдиҳанда ба адовати қавмӣ парванда боз ва як донишҷӯ аз шаҳри Майкопи Адигеяро барои муҳлати на он қадар тулонӣ равонаи зиндон кард.
Ин марди солманди рус ҳам кайҳо боз гирифтори марази миллатгароист
Авоили моҳи июн вазорати дохила ва Хадамоти федеролии амнияти Русия назари худро дар баробари ин ҳодиса тағйир доданд. Артур Умаданов, ки 5 моҳ боз дар ҷустуҷӯи бародари ғайбзадааш буд, тасодуфан дар Интернет ин наворро тамошо кард ва дар яке аз кушташудагон бародари худ Шамилро шинохт. Умахон Умадонов, падари Артур ва Шамил, мегӯяд: “Бародараш ӯро аз Интернет шинохт. Ӯ дар тана нимтана ва либоси варзишие дошт, ки бародараш туҳфа карда буд”.
Баъди ин 5-уми июн мақомоти Русия ин наворро чун маводди асл арзёбӣ карданд ва расман эълом доштанд, ки яке аз кушташудагон воқиъан ҳам Шамил Умадонов аст.
Дар ҳамин ҳол, шахсияти мақтули дигар – шаҳрванди Тоҷикистон – то ҳанӯз равшан нест. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз мақомоти Русия талаб кардааст, ки ин ҳодисаро таҳқиқ кунад.
Мақомоти додситонии Русия дар робита ба ин куштори ваҳшиёна парвандаи ҷиноии нав боз кард.
Хонаводаи Умадонов, ки дар деҳаи Султонянгиюрти Доғистон ба сар мебарад, мақомоти Русияро дар коҳилӣ зимни ошкор кардани ҳақиқати куштори Шамил айбдор мекунад.
Ба оташ кӣ равған мерезад?
Сӯхтори бинои идораи рӯзномаи "Комсомолская правда", ки гоҳе ба оташи миллатгароёни рус равған мерезад
Баъди фурӯ рехтани бозори Басманнийи Маскав дар моҳи феврали соли 2006-ум, ки мунҷар ба ҳалокати тақрибан 70 нафар гардид, расонаҳои Русия дар бораи ин ҳодиса матолиби зиёд нашр карданд. Ва аммо вокуниш ба ин фоҷиъа ғайриинтизор буд: бештари нашрияҳо изҳори назарҳои таҳқиромез дар бораи қурбониёни ҳодиса сокинони Озарбойҷон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Узбакистонро нашр карданд. “Шукри Худо, ки ин ҳодиса рӯзона, вақте, ки онҷо мардуми зиёд, бештар маскавиҳо буданд, рух надодааст. Хайрият, ки ин ҷо фақат кафқозиҳо буданд”, - ин фақат яке аз назарҳои таҳқиромез аст, ки рӯзномаи “Комсомолская правда” чоп кардааст. Дигар аз хонандаҳои “Комсомолъская правда” аз он шиква кардааст, ки чи гуна “сиёҳҳо” замоне ба амаки 81-солаи ӯ барои фурӯши себ дар яке аз бозорҳои Маскав имкон надода буданд. Ва ин ҳама ҳарфҳое пур аз адоват дар рӯзҳое нашр шуданд, ки тақрибан 70 хонавода мотам дошт ва даҳҳо нафари дигар дар бемористон миёни маргу зиндагӣ қарор доштанд.
Гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Русия мегӯянд, ки матолиби нажодпарастона дар нашрияҳои кишвар ба осиёби адовати қавмӣ об мерезад ва, аз ин рӯ, дар куштори 57 афроди ғайрирус дар соли равон ин нашрияҳо низ айбдоранд. Галина Кожевникова, муовини раиси маркази “Сова”-и Маскав: “Аслан мизони нафрат ба хориҷиён афзоиш наёфтааст. Агар шумо ба пурсишҳои маркази Левада бингаред, мебинед, ки нафрат ба хориҷиён дар сатҳи пешин, яъне миёни 55 – 57 дарсади аҳолӣ, боқӣ мондааст. Ва аммо расонаҳои хабарӣ дар боқӣ мондани ин сатҳи адовати қавмӣ саҳм мегиранд, низоъ бармеангезанд ва нафрати ниҳонро ба адовати ошкор табдил медиҳанд”.
Дар Русия барои миллатгароёни рус таҷаммӯъ ва "сухан" гуфтан хеле осон аст (Маскав, 2008)
Галина Кожевникова, ки соли гузашта дар бораи адовати қавмӣ дар расонаҳои Русия китобе нашр карда буд, меафзояд, миёни расонаҳои Русия дар барангехтани нафрат ба хориҷиён аз ҳама бештар рӯзномаи “Комсомолская правда” нақш дорад. Воқиъан, муовини сардабири ин рӯзнома Сергей Пономарёв дар ташреҳи маҳкум ба зиндон шудани як озаритабор барои куштори як сокини Шарқи дури Русия навишта буд: “Ин гуна ҳодиса дар дигар шаҳрҳои Русия низ рух медиҳад – бархӯрдҳо дар роҳ бо истифода аз силоҳи оташфишон ва бо ширкати ҳатмии сокинони Қафқози бовиқор. Ҳамчунин метавон шахси озордодаро бо ханҷар зад ё бо шамшер дупора кард. Анъанаҳои куҳистон-да… Пас дар ин ҳолат шумо, қафқозиҳои азиз, аз мардуми бумии дохили Русия чи гуна муносибатро метавонед интизор бошед?»
Матолиби нашрияҳои маҳаллӣ аз ин беҳтар нестанд. Як нашрия дар шаҳри Мурманск моҳи январ санҷишеро барои, ба истилоҳ “арзёбии сатҳи фарҳанг”, нашр кард ва яке аз суъолҳояш чунин буд: “Оё дар хонаводаи шумо яҳудиҳо ҳастанд?”. Онҳоеро, ки ҷавоби мусбат додаанд, ин гуна натиҷагирӣ интизор буд: “Маъюс нашавед, шумо аслан инсон нестед, аммо, бо вуҷуди ин, мардум шуморо эҳтиром мекунанд”.
Дар нашрияҳои марказии Русия ҳатто матолибе нашр мешавад, ки рӯирост ба ҳамла болои “мардуми ғайр” даъват мекунад. Аз ҷумла, Сергей Лесков, хабарнигори рӯзномаи машҳури «Известия» дар матлаби “Хазинаи эътидол ва тоҷикон” чунин навиштааст: “Дар кишвари мо алҳол ду суъоли муҳим аст. Аввалӣ - оё тоҷиконро бояд кушт? Ва дувумӣ - Стабфонд ё Хазинаи эътидолро сарф бояд кард ё на? Рус дар ҳузури дигарон чизе гӯяд-нагӯяд, дар замирамон мо мутмаъинем: тоҷиконро бояд кушт ва Стабфондро сарф кард…”
Назари Мирзода, намояндаи анҷумани тоҷикҳо дар шаҳри Санкт-Петербург, таъкид мекунад, ин гуна матолиби мамлув аз адовати қавмӣ дар нашрияҳои Русия зиёданд, ки дар ниҳоят боъиси ҳамла ба муҳоҷирони корӣ мегарданд. Ӯ меафзояд, нашрияҳои Санкт-Петербург дар ҳама бадбахтиҳо маҳз тоҷиконро гунаҳкор мекунанд ва менависанд, ки «тоҷикон қонун мешиканданд ва маризиҳоро паҳн мекунанд». Ва аммо, мегӯяд ӯ, дар бораи нақши дасти муҳоҷирони тоҷик дар садҳо биноҳои нави ин шаҳр онҳо ҳарфе наменависанд.
Оё дастҳои ин миллатгароёну нажодпарастон ба Русия роҳи дурустро нишон медиҳанд?
…Тибқи хабарҳо, вакилони Думаи давлатии Русия ҳафтаҳои наздик бояд ба тарҳе райъ диҳанд, ки бар тибқи он, нашрияҳо зимни нашри иттилоъ ба ошкор кардани ҳувият ва миллати ҷинояткору қурбонӣ ҳақ нахоҳанд дошт. Ин тарҳ ҳанӯз соли гузашта барои баррасӣ ба палатаи поёнии порлумони Русия пешниҳод шуда буд. Ақаллиятҳои миллӣ ва гурӯҳҳои дидбони ҳуқуқи башар аз ин пешниҳод пуштибонӣ мекунанд ва аммо иддае, аз ҷумла, Галина Кожевникова, мегӯянд, ки хабарнигорон васоили дигари поймолсозии ин қонунро пайдо хоҳанд кард ва шояд аз вожаҳои “сиёҳ” ё “ҷанубиҳо” истифода баранд.
XS
SM
MD
LG