Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи шаҳри Бишкек эълон кардааст, ки амволи дафтари нашрияи «Де-факто» ва ҳисобсурати бонкии ин нашрия ҳабс карда шуд.

Аммо Чулпон Орозбекова, сардабири нашрияи «Де-факто», тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ перомуни қарори додгоҳи Бишкек гуфт, фақат имрӯз хабар ёфтааст, ки додгоҳ дар мавриди ҳабси амвол ва ҳисобсурати бонкии рӯзномаи онҳо як ҳафта пеш қарор содир намудааст.

Сардабири «Де-факто» афзуд, боиси ҳайрати ӯст, ки дар ин муддат ягон вакили додрасонӣ аз қарори додгоҳ онҳоро хабардор накард ва нусхаи қарори додгоҳро низ таслим нанамуд. Бар асоси суханони сардабири нашрияи «Де-факто» ҳабси амволи дафтари нашрия чандон муҳим нест, вале ҳабси ҳисобсурати бонкӣ боиси таассуф вай гаштааст.

Чулпон Орозбекова мегӯяд, зеро вай наметавонад, маоши кормандони рӯзномаро, ки ваъда карда буд, бипардозад. Сардабири рӯзнома гуфт, ки ахиран се шумораи «Де-факто» аз нашр бозмонд ва дар ҳамин ҳол онҳо шумораи нави онро ба чоп омода сохтаанд.

Дар ҳамин ҳол Илим Қарипбеков, коршиноси масоили матбуот, мегӯяд, қатъи чопи рӯзномаи «Де-факто» шаҳодат бар он аст, ки дар кишвараш озодии баён буғӣ мешавад. Вай афзуд, ҳар як иқдоми вакилони додрасонӣ бояд дар доираи қонун сурат гирифт ва устувории қонун зери хатар намонад.

Бояд ёдовар шуд, ки рӯзномаи «Де-факто», чопи Бишкек аз рӯзномаҳое муаррифӣ шудааст, ки дар саҳифаҳои он масъулини идораҳои ҳукуматӣ ошкоро зери тозиёнаи танқид гирифта мешаванд. Ин рӯзнома ахиран ба иттиҳоми чопи мақолае ба додгоҳ кашида шуд, ки ба гуфтаи вакилони додрасонӣ, муаллиф дар он раиси идораи андози шаҳри Бишкекро дар ришватхорӣ айбдор мекард.

Гуфта мешавад, ҳафтаи пеш додситони шаҳри Бишкек Ойбек Турғунбоев дар як нишасти хабарӣ иброз дошт, ки дар мавриди нашри рӯзномаи «Де-факто» ягон маҳдудият ҷорӣ нашудааст. Вай гуфтааст, вале муаллифи мақола, ки ба номи Замира Молдоева муаррифӣ шудааст, дар асл вуҷуд надорад.

Турсунбек Ахун, раиси Омбдусмени Қирғизистон, гуфтааст, ки бастани ин ё он рӯзнома чораҷӯие нест, ки қобили пайравӣ ё дастгирӣ бошад. Вай афзудааст, бар ҳар сурат фишор овардан болои васоити ахборро вай ҳаргиз тарафдорӣ нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG