Пайвандҳои дастрасӣ

Созишномаи қарзи Тоҷикистон ба тасвиб расид


Имрӯз Думаи давлатии Русия созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи лағви қарзи Тоҷикистон аз Русияро ба тасвиб расонд. Тибқи ин санад, ҳукумати Тоҷикистон дар ивази қарз пойгоҳи назорати кайҳонии “Окно” дар ағбаи Шар-Шарро ба ихтиёри комили Русия мегузорад ва ҳамчунин дар бунёди нерӯгоҳи Сангтуда-1 ба ҷойи Русия 50 миллион доллар пардохт мекунад.
Созишнома дар ин бора 9 декабри соли 2002 дар Маскав имзо ва баъди тақрибан ду соли дигар дар шаҳри Душанбе бо вуруди иловаҳо такмил шуда буд. Соли 2004-ум Тоҷикистон аз Русия 305 миллиону 730 ҳазор доллар қарздор буд.

XS
SM
MD
LG