Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳрим ва дипломатия дар баробари Эрон


Ҳавиер Солана, раҳбари умури сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо имрӯз гуфт, ки Ғарб дар баробари Эрон сиёсати таҳриму дипломатия ба хотири қатъи ғанисозии ураниум аз сӯи ин кишварро идома хоҳад дод. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuter Солана афзуд, ки Теҳрон то ҳанӯз ба бастаи нави пешниҳодҳои панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ба изофаи Олмон ба ивази қатъи ғанисозии ураниум посух нагуфтааст.

Дар ҳамин ҳол Меҳдии Сафарӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст, ки дар посух ба таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо Теҳрон сармояи худро аз ин қора берун мекашад. Меҳдии Сафарӣ ба нашрияи “Die Presse”, чопи Австрия гуфтааст, ки ин сармоя ба маблағи беш аз 100 миллиард доллар ба дигар минтақа интиқол дода мешавад.

Рӯзи душанбе Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти худ дар Люксембург алайҳи Эрон таҳримҳои нав эълон кард ва, аз ҷумла, ба фаъолияти бузургтарин бонки кишвар – Бонки Миллӣ дар Аврупо хотима гузошт.

XS
SM
MD
LG