Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймоҳои амрикоӣ толибонро бамборон карданд


Ҳавопаймоҳои амрикоӣ толибонеро, ки ахиран ба муассисаҳои ҳукуматӣ дар вилояти Пактико, воқеъ дар шарқи Афғонистон ҳамла кардаанд, мавриди бамборон қарор доданд. Тибқи хабарҳо, дар ин ҳодиса 22 тан аз толибон кушта шуданд.

Ҳайати фармондеҳии НАТО имрӯз эълом дошт, ки теъдоди ҳамлаҳо дар манотиқи шарқии Афғонистон назар ба як соли пеш 40 дар сад афзоиш ёфтааст. Фармондеҳи нерӯҳои НАТО дар ин манотиқ Ҷефрӣ Шлессёр гуфт, ки афзоиши ҳамла барои онҳо ғайриинтизор набуд. “Шурӯъ аз соли 2002-юм теъдоди ҳамлаҳои ҳамасола бештар мешавад ва аз ин рӯ мо ба афзоиши ҳамлаҳо дар соли равон омода будем”, гуфтааст фармондеҳи НАТО.
XS
SM
MD
LG