Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати се сарбози амрикоӣ дар Ироқ


Дар Ироқ се низомии амрикоӣ кушта шуданд. Ба иттилоъи ҳайати фармондеҳии ИМА дар Ироқ, сарбозон ва тарҷумони онҳо бар асари инфиҷори бами канори раҳ дар вилояти Найнаво, воқеъ дар шимоли кишвар ба ҳалокат расиданд. Дар дигар шаҳри ин вилоят – Мосул таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира мунҷар ба ҷароҳат бардоштани даҳҳо сокинони маҳаллӣ гардид. Нерӯҳои амрикоӣ ва ироқӣ дар Найнаво амалиёти густарда алайҳи мусаллаҳони “Ал-Қоида”-ро доир кардаанд.
XS
SM
MD
LG