Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Регар» - пешсафи гурӯҳи «А»


Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар Малайзиё дар дувумин дидори худ низ дар сабқати гурӯҳи «А» барои дарёфти Ҷоми раиси АFС - Конфедеросиюни футболи Осиё - бар тими «Абаҳани Лимитед»-и Бангладеш бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Дар ин бозӣ Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 15-ум ҳисобро боз кард. Вале баъди 10 дақиқа Авуду Иброҳим, аз тими «Абаҳани Лимитед», ҳисобро баробар намуд. Голи дувуми «Регар»-ро Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаҳои ахири нимаи аввали бозӣ ба самар расонд.
Қаҳрамони футболи Бангладеш имкон дошт, ки дар дақиқаи 90-уми бозӣ ҳисобро баробар намояд, вале тӯб ба тири дарвоза бархӯрда аз майдон берун рафт.
Бозии дигари даври дувуми гурӯҳ байни тимҳои «Полис Клаб»-и Непал ва ВАПДА-и Покистон бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.
Бад-ин тартиб, «Регар» ТадАЗ бо 6 имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 4-2) дар садри ҷадвал қарор дорад. «Полис клаб» бо 4 имтиёз (5-1) дар ҷои дувум аст. ВАПДА бо 1 имтиёз (2-3) дар ҷои севум ва «Абаҳани Лимитед» бидуни имтиёз (1-6) дар зинаи охирин ҷойгир шудааанд.
Дар даври севум 26-уми июн «Регар» ТадАЗ бо «Полис Клаб»-и Непал рӯ ба рӯ мешавад. Барои ғолиби гурӯҳ шудан ва роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоӣ «Регар»-ро натиҷаи мусовӣ ҳам қаноъатманд мекунад. Вале қаҳрамони футболи Тоҷикистон барои бохти бозии ниманиҳоии сабқати порсола бо ҳисоби 1:2 аз тими «Полис Клаб» интиқом хоҳад гирифт.
Даври ниманиҳоии Ҷоми раиси AFC бо ширкати 4 даста – «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, ғолиби гурӯҳи «В», «Ишқобод»-и Туркманистон, ғолиби гурӯҳи «С», инчунин дастаи ғолиби гурӯҳи «А» ва беҳтарин дастаи дувуми ҳарсе гурӯҳ 19-уми сентябри соли 2008 дар шаҳри Бишкек рақобатҳо доир мегарданд. Бозии ниҳоӣ дар пойтахти Қирғизистон 21-уми сентябр баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG