Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳкумияти журналистон дар Озарбойҷон


Додгоҳе дар Озарбойҷон сардабири як нашрияро дар хиёнат ба ватан айбдор карда ӯро ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, Наврӯзалӣ Мамадов, сардабири нашрияи "Садои Толиш" дар тарғиби ақоиди миллатгароии толишӣ айбдор мешавад, чунки фаъолияти вай давлати Озарбойҷонро аз зер хароб мекунад. Мардуми толишӣ дар ҷануби ин кишвар зиндагӣ карда бо мардуми Эрон умумиятҳои забониву фарҳангии зиёд доранд. Мудири ин нашрия ҳамчунин гунаҳгор дониста шуда рӯзи сешанбе ба шаш соли зиндон маҳкум шуд. Ҳардуи онҳо иттиҳомоти ворида алайҳи худро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG