Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Миллӣ ба додгоҳҳои Аврупо шикоят мебарад


Бонки бузургтарини эронӣ - Бонки Миллӣ гуфт, ки алайҳи таҳрими фаъолияти ин бонк дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо ба додгоҳ шикоят мебарад. Бахши бритониёии ин бонк гуфтааст, ки аз додгоҳ хостори манъи дархости Иттиҳодияи Аврупо оид ба масдудкунии сармояҳои ин бонк мешавад. Рӯзи душанбе вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо розӣ шуданд, ки бино ба далели маблағгузории ширкату корхонаҳои марбут ба барномаи ҳастаӣ ва мушакии Ҷумҳурии Исломӣ фаъолияти Бонки Миллӣ дар қаламрави Аврупо масдуд мешавад. Бонки эронӣ гуфтааст, ки аз болои чунин тасмим ҳам ба додгоҳи Бритониё ва ҳам додгоҳҳое дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо шикоят мебарад.

XS
SM
MD
LG