Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА дар Албания бо иттиҳомот розӣ нест


Сафири Амрико дар Албания иддаоҳои як узви Конгрессро рад кард, ки гуфтааст вай дар моҷарои қочоқи аслиҳа ба Афғонистон даст дорад. Дар изҳороти сафорат гуфта мешавад, ки сафир Ҷон Витерс мутмаин аст, ки шаҳодати бегуноҳии вай ошкор хоҳад шуд. Конгресмен Ҳенри Ваксман, ки ҳизби демократро намояндагӣ мекунад, гуфт, Витерс огоҳ буд, ки ширкати AEY Inc. шаҳодати интиқоли аслиҳаи сохти чиноиро аз Албания ба Афғонистон поккорӣ мекард. Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки иттиҳомоти мазкур мавриди таҳқиқи онҳо қарор дорад.

XS
SM
MD
LG