Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҳадафи Толибон - пешгирӣ аз рушди иқтисодӣ"


Фармондеҳи аршади нирӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, ки ҳамлаҳои шӯришиёни Толибон бо ҳадафи ба ҳам задани пешрафтҳои иқтисодии кишвар афзоиш меёбад. Генерал-майори амрикоӣ Ҷефри Шлёссер раҳбарии нирӯҳои НАТОро дар Шарқи Афғонистон ба ӯҳда дорад. Вай гуфт, ки дар муқоиса бо соли гузашта ҳамлаи шӯришиён 40 дар сад афзоиш пайдо кардааст. Вай гуфт, ки НАТО дар самти барқарории субот дар ин минтақа ба комёбиҳо даст меёбад, вале ин талошҳо танҳо кӯтоҳмуддат тӯл мекашад. Дар Бритониё маршали нирӯҳои ҳавоӣ Ҷок Стирруп гуфт, ки барои дастёбӣ ба рушди босубот дар Афғонистон даҳсолаҳо зарур аст.

XS
SM
MD
LG