Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳафтаи ахир мақомоти Туркманистон дар остонаи мулоқот бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо зиёд саъй кардаанд, даҳони рӯзноманигорони мустақилро бубанданд.

Дар арафаи аввалин мулоқоти ҳайъатҳои Иттиҳодияи Аврупо бо мақомоти Туркманистон дар Ашқобод фаъолони ҳуқуқи башар ва хабарнигорони Радиои Озодӣ мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифтанд. Кор то ба ҷое расидааст, ки мақомот бо ҳадафи бастани даҳони мухолифин хешу ақбарои онҳоро муваққатан боздошт намудаанд.

Рӯзи сешанбе дар ҳоле, ки маъмурияти президенти Туркманистон ба арзёбии ҳуқуқи башар бо ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо омодагӣ мегирифт, ҳомиёни ҳуқуқи башар изҳор намуданд, ки сарфи назар аз ваъдаҳои президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов пиромуни ҳифзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар поймолшавии ҳуқуқ ҳодисаи ҳамарӯза боқӣ мемонад.

Рӯзи душанбе созмони ҳомии ҳуқуқи башар Amnesty International ё Афви Байнулмилал иброз дошт, ки дар Туркманистон "поймолшавии васеъмиқёс ва муназзами ҳуқуқ" ҷо дорад. Созмон афзудааст, ки сарфи назар аз ваъдаҳои президент Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов полис, ниҳодҳои амниятиву маъмуриии Туркманистон бидуни ҷавобгарӣ поймол намудани ҳуқуқи башарро идома медиҳанд.

Созмони Афви Байнулмилал мегӯяд, бо ҳадафи хомӯш намудани садоҳои мустақил мақомоти туркман рӯзноманигорони мустақил аз ҷумла хабарнигорони Радиои Озодиро таҳти фишор қарор додаанд.

Созмони дигари ҳомии ҳуқуқи башар зери унвони "Ташаббуси туркмании ҳуқуқи башар", ки қароргоҳаш дар шаҳри Вена мебошад, низ аз таъқиби фаъолони ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон ва афроди алоҳида дар Туркманистон нигарон аст.

Ба қавли ин созмон мақомоти туркман телефони хабарнигоронро қатъ намуда, ба онҳо ва хешу ақрабояшон, аз ҷумла кӯдакон таҳдид мекунанд.

Сазак Дурдимуродов, ки дар барномаҳои Радиои Озодӣ ба ҳайси коршинос ширкат меварзад, чанде пеш боздошт шуда, дар зиндон мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.

Хешовандони ӯ мегӯянд, Дурдимуродовро 20 июн дар хонааш дар шаҳри Баҳорден, воқеъ дар 200 километрии ғарби Ашқобод боздошт намуда, ба бемористони рӯҳии шаҳри Безмейни канори Ашқобод интиқол доданд.

Рӯзи шанбе вақте хешовандон ба аёдати Дурдимуродов рафтанд, онҳо ӯро дар ин бемористон, пайдо накарданд.

Фақат рӯзи сешанбе ҳамсари Дурдимурдов муваффақ шудааст, ки ӯ ӯ дар боздоштгоҳи Баҳорден мулоқот намояд. Дар ин бора яке аз хешовандони Дурдимуродов аснои сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт: "То имрӯз Сазак Дурдимуродов дар боздоштгоҳи хадамоти амниятии минтақаи Баҳорден нигаҳ дошта мешавад. Ӯ гуруснанишинӣ эълон кардааст. Ҳамсари ӯро латукӯб кардаанд. Вазъи саломатии Дурдимуродов хуб нест."

Усмон Ҳолиев хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Лабоп мегӯяд, ки амалан мақомот ӯро дар ҳоли ҳабси хонагии ғайрирасмӣ нигаҳ медоранд ва писараш Умедро аз донишгоҳ хориҷ кардаанд. Раҳбарони донишгоҳ дар гузашта борҳо ба Умед вҳушдор додаанд, ки худи ӯ ва падараш ҳамкорӣ бо Радиои Озодиро мутаваққиф кунад.

Умед, ки дар донигоҳи давлатии Туркманистон таҳсил мекард, одатан гузоришҳои падарашро ба барномаи Радиои Озодӣ ироа менамояд.

Расман сабаби барканории Умед имтиҳонсупории ғайриқаноатбахш номида мешавад, вале устоди ӯ эътироф кардааст, ки ин иқдомро зери фишори мақомот қабул кардааст.

Ҳамин гуна зери фишори мақомот Амон Дурдиқулиев писари даҳсолаи коршиноси Радиои Озодӣ дар Туркманистон аз урдугоҳи тобистонии мактаббачаҳо ихроҷ шудааст. Падари ӯ Қурбонқулӣ Дурдиқулиев мегӯяд, мақомот мехоҳанд бо ин роҳ ӯро ба хомӯшӣ водор намоянд.

Созмони Amnesty International мегӯяд, аснои мулоқот дар Ашқобод ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо бояд талаб намояд, ки Туркманистон ҳуқуқи башарро эҳтиром кунад.

Бахши муҳими стратегияи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ муколама пиромуни ҳуқуқи башар аст. Аз ин рӯ намояндаи Amnesty International Николас Бегер умед дорад, ки Иттиҳодияи Аврупо ҳуқуқи башарро қурбонии ҳамкориҳои иқтисодӣ нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG