Пайвандҳои дастрасӣ

Бадахшониҳои муқими Маскав рӯзи сешанбе дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев рӯйдодҳои ахир дар Хоруғро баррасӣ карданд.

Мулоқот дар бинои сафорат бидуни ширкати хабарнигорон гузашт. Нуктаҳои калидии ин нишастро Собирҷон Мирзоев, раиси ҳайати намояндагони Бадахшон, ба радиои Озодӣ дар Маскав хабар дод. Вай гуфт, «масъалаи аслии сӯҳбат мушкили афзоиши нерӯҳои низомӣ аз марказ ба Бадахшон аст, дар ҳоле ки Бадахшон дар замони бӯҳрони сангини иқтисодӣ ба сар мебарад ва таҳаммули ин мушкилро надорад».

Вай тавзеҳ кард, ки «дар Бадахшон афзоиши нерӯҳои низомӣ хатар дорад. Ин ҳодиса метавонад нохушиҳои зиёд дар пай дошта бошад». Вай афзуд, «дар солҳои шӯравӣ дар як колхози мо танҳо як намояндаи полис кор мекард, ҳоло шумораи онҳо аз 30 нафар гузаштааст. Ба болои ин афзудани ин қадар силоҳу артиши сарборӣ чӣ даркор?».

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки «мо ин масоили доғро ба сафир арза кардем, вале сафир гуфт, ки аз мушкилоти низомӣ дар минтақа хабар надорад, ҳамзамон огоҳ аст, ки "барои баргузории нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе тадбирҳои амниятӣ анҷом мешавад».

Дар байни ҷамъомадагон чанд нафар донишҷуёни бадахшии донишгоҳҳои Маскав ҳам буданд. Бино ба гузоришоти пешакӣ, эътирози муҳоҷирони бадахшонӣ дар аввал ба тарзи раҳпаймоӣ мебоист сурат мегирифт.

Тайи 15 соли ахир муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия бори аввал аст, ки ба таври дастаҷамъӣ ва бо эътирози заъиф ба даргоҳи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба додхоҳӣ меоянд.

XS
SM
MD
LG