Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Freedom House»: Миллатҳо дар ҳоли гузариш


Оё ҳама сокинони Тоҷикистон чунин хушбахт ҳастанд?
Оё ҳама сокинони Тоҷикистон чунин хушбахт ҳастанд?

Дар гузориши ахири худ созмони байнулмилалии «Freedom House» ("Хонаи Озодӣ") бахши умдаеро ба Тоҷикистон бахшидааст.

Дар гузориши солонаи «Фридом Ҳаус» ё «Хона Озодӣ», ки соли ҷорӣ зери унвони "Кишварҳои дар ҳоли гузор" ба нашр расидааст, рушди демократия аз Аврупои марказӣ то Авросиё мавриди мутолиъа қарор гирифтааст. Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ниёзмандиҳои рузафзун ба энержӣ фосила миёни демократия ва кишварҳои худкомаи тавлидкунандаи энержиро бештар кардааст. Бино ба ин гузориш, Русия бо сарватҳои зиёди энержии худ ба нерӯи калидии зидди демократия дар минтақа табдил ёфтааст. Дар гузориши «Фридом Ҳаус» бахше ба Тоҷикистон низ ихтисос дода шудааст.
Дар гузориши «Фридом Ҳаус» роҷеъ ба Тоҷикистон, аслан, ба 7 масъала – наҳваи идораи демократии умури кишвар, равандҳои демократӣ, ҷомиъаи шаҳрвандӣ, матбуъоти мустақил, идораи умур дар маҳалҳо, қонунгузориву мустақилият ва, ниҳоят, ришвахорӣ – таваҷҷуҳ шудааст. Нигоҳе мухтасар мекунем ба ин нукот.
Идораи демократии умури кишвар
Чандандешии сиёсӣ, ки дар давоми бештар аз 5 соли баъд аз имзои тавофуқоти сулҳи тоҷикон то андозае вуҷуд дошт, ба таври густурда зери соя рафтааст, зеро ҳукумат ба аҳзоби мухолиф фишор меорад ва намояндагони мухолифонро аз мақомҳои калидӣ дар ҳукумат дур мекунад. Хулосаи бахш ин аст, ки чандандешӣ, субот ва демократия дар соли 2007 беҳбуд наёфтааст ва мисли соле пеш боқӣ мондааст.
Раванди интихоботӣ
Нозирони САҲА, ки барои назорат бар ҷараёни интихоботи порлумонии соли 2005 ва интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 ба Тоҷикистон фиристода шуда буданд, тавзеҳ доданд, ки ин интихобот посухгӯи бисёре аз таъаҳҳудоти Тоҷикистон дар назди САҲА ва муқаррароти байнулмилалӣ набуд.
Дар гузориши «Фридом Ҳаус» омадааст, бо вуҷуди ин ки САҲА феҳристи муккамали пешниҳодҳоро дар бораи меъёрҳои байнулмилалии интихоботи озоду демократӣ пешниҳод кард, вале барои такмили он аз сӯи ҳукумат ва порлумон талошҳои қобили мушоҳида ба назар нарасид.
Ҷомиъаи шаҳрвандӣ
Соли 2007 дар ҳукумат пешнависи ду қонун дар бораи ҷомиъаи шаҳрвандӣ ва озодии анҷуманҳо бознигарӣ шуд. Қонун дар бораи созмонҳои ҷомиъаи шаҳрвандӣ моҳи май ба тасвиб расид ва раъйдиҳӣ барои Қонун дар бораи озодии дин ва эътиқод бояд то поёни соли ҷорӣ анҷом бигирад. Дар ҳар ду қонун озодии баён, озодии ташкили созмонҳо ва озодии эътиқод маҳдуд шудааст ва ба муқаррароти байнулмилалӣ созгор нест.
Дар бахши озодии матбуъот «Гузоришгарони бидуни марз» соли 2007 Тоҷикистонро аз миёни 169 кишвар дар мақоми 114-ум ҷой доданд. Бино ба ин гузориш, дар ин бахш вазъ дар Тоҷикистон каме беҳбуд ёфтааст. Вале маҳдудиятҳои аслӣ дар бахши озодии матбуъот бардошта нашудаанд.
Дар бахши идораи умури демократӣ дар маҳалҳо омадааст, бо вуҷуди ин ки аз истиқлоли Тоҷикистон 16 сол ва аз имзои тавофуқоти сулҳ 10 сол мегузарад, вале мардум дар маҳалҳо наметавонанд раҳбарони худро интихоб кунанд. Дар давоми соли 2007 сокинони шаҳри Душанбе аз сӯи шаҳрдорӣ таҳқир шуданд. Ба таври якҷониба Генплани шаҳрро дар бораи тағйири сохтори шаҳр эълон карданд ва ба мусодираи бераҳмона ва бидуни ҳеч ҷуброни дороии баъзе аз сокинони умдатан камбизоъат ё миёнаҳоли шаҳр шурӯъ карданд.
Дар бахши додгоҳӣ дар гузориш таъкид шудааст, ки адлу инсоф ё ҳақиқат дар Тоҷикистон қобили хариду фурӯш аст. Ба таври густурда эътироф мекунанд, ки ба бисёре аз парвандаҳои ҷиноӣ баъд аз пардохти ғайриқонунӣ ва сиррӣ тавассути "миёнравҳо" ба қозиёни додгоҳ расидагӣ анҷом мегирад ва бисёре аз вакилони мудофеъ ҳамин нақши "миёнрав"-ҳоро бозӣ мекунанд.
Моҳи январи соли 2007 ҳукумат Ожонсии давлатии назорати молӣ ва зиддиришвахорӣ ташкил кард. Ин ожонсӣ эълом кардааст, ки 300 парвандаи ришвахорӣ боз намуда, 24 миллион доллар ба будҷаи давлат бозгардондааст. Дар ҳамин ҳол, яке аз сабабҳои густариши ришва дастмузди расмии ночиз аст. Дар соли 2007 дастмузди миёна дар кишвар 53 долларро ташкил додааст. Ба ҷуз аз ришвахориҳои хурду реза, иддаъо мешавад, ки ришвахорӣ дар сатҳи боло , ба вижа дар хариду фурӯши пахта ва алюминиуми Тоҷикистон, идома дорад. Ин ҳам дар ҳоле будааст, ки пахта ва алюминиум 80 дарсади содироти ин кишварро ташкил медиҳанд.
«Фридом Ҳаус» дар гузориши солонаи худ пешниҳод кардааст, ки ҳамаи ин бахшҳо дар Тоҷикистон ба беҳбудӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG